Ахбор

Мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Дуглас Кларк


9 июни соли 2026 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати молия бо Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо Дуглас Кларк мулоқот анҷом доданд.

NBTL6742-2.jpg

Дар оғози вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба вазъи кунунии ҳамкориҳо ва таҳкими ҳамоҳангсозии бахши молиявӣ мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои марбут ба самти низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи самараноки талаботу меъёрҳои байналмилалӣ, инчунин тақвияти механизмҳои назоратӣ ва идоракунии хавфҳоро мавриди баррасии муфассал қарор доданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни суханронии худ таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба густариши ҳамкориҳои судманд бо шарикони байналмилалӣ таваҷҷуҳи хос дошта, барои таъмини шаффофият, устувории низоми молиявӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти бахши молиявӣ ба стандартҳои байналмилалӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Атташеи минтақавии Британияи Кабир оид ба таҳримҳо Дуглас Кларк ҳамкориҳои ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шарикони байналмилалӣ дар самти тақвияти механизмҳои ҳамоҳангсозӣ ва рушди муносибатҳои минбаъда судманд арзёбӣ кард.

NBTL6736.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон доир ба тадбирҳое, ки Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати устувории низоми бонкӣ, риояи талаботи байналмилалӣ оид ба назорат ва идоракунии хавфҳо ва тақвияти комплаенс дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ роҳандозӣ намудааст, ибрози андеша намуд.

Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва густариши робитаҳо дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн изҳор доштанд.

Шуъбаи матбуот

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1

09.06.2026

Возврат к списку