Ахбор

Мулоқоти Далер Муродализода бо намояндаи Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s”


4 июни соли 2026 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Муродализода Далер Усмон бо ноиби Президенти гурӯҳи тиҷоратӣ ва роҳбари намояндагии Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s Ratings” дар Осиёи Марказӣ Алма Карабасова вохӯрӣ анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобила, арзёбии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистон ва вазъи кунунии бахши молиявии кишвар баррасӣ гардиданд.

NBTL4986.JPG

Далер Муродализода аз ҳамкории судманд бо Агентии рейтингии байналмилалии “Moody’s” изҳори қаноатмандӣ карда, иброз дошт, ки он дар таҳкими эътимоди ҷомеаи байналмилалии молиявӣ ба иқтисоди Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

Дар идома аз ҷониби ноиби Президенти гурӯҳи тиҷоратӣ ва роҳбари намояндагии “Moody’s Ratings” дар Осиёи Марказӣ Алма Карабасова дар мавзуи методологияи гузаронидани рейтинг ва омилҳои асосии муайянкунии рейтинг, аз ҷумла аз рӯйи нишондиҳандаҳои суботи молиявӣ, сиёсати фискалӣ, суботи институтсионалӣ ва хавфҳои эҳтимолии ҳолатҳои ғайричашмдошт, инчунин оид ба фаъолияти ширкат, фарогирии хизматрасониҳои он дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва имкониятҳои ҳамкорӣ дар самти баҳогузории қарзӣ рӯнамоии муфассал манзури ҳозирин гардонида шуд.

NBTL4990.JPG

Зикр гардид, ки “Moody’s” ба ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ доираи васеи хизматрасониҳои рейтингӣ ва таҳлилӣ пешниҳод намуда, дар таҳкими шаффофият, идоракунии хавфҳо ва ҷалби сармоягузорӣ ба бахши молиявӣ саҳм мегузорад.

Дар вохӯрии мазкур роҳбарони сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзида, оид ба маводи рӯнамоишуда ва самтҳои алоҳидаи муайянкунии нишондиҳандаҳои рейтингӣ фикру ақидаи худро баён карданд.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 0

05.06.2026

Возврат к списку