Ахбор

Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар бахши низоми бонкӣ


Дар доираи таҳкими ҳамкориҳои молиявию бонкӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 2 июни соли 2026 вохӯрии раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс Назримад бо раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу баргузор гардид.

NBT_22.JPG

Дар мулоқот муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Далер Муродализода, менеҷери генералии раёсати захираҳои инсонӣ Лю Соншен, менеҷери генералии раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Хоу Гуйфенг, мутахассиси калони раёсати муносибатҳои байналмилалӣ Тао Айсу, мутахассиси калони Дастгоҳи марказӣ Юан Е ва роҳбари намояндагии Бонки кишоварзии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Чжу Ҷиҷун, инчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамкориҳои байнибонкӣ, густариши муносибатҳои муросилотӣ, дастгирии сармоягузорӣ, маблағгузории тиҷорат ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак, рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ, истифодаи технологияҳои муосир дар бахши бонкӣ, тақвияти идоракунии хавфҳо ва тавсеаи ҳамкориҳо дар самти рушди инфрасохтори молиявиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

NBT_23.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз саҳми Бонки кишоварзии Чин дар рушди муносибатҳои молиявии ду кишвар ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони муҳимми стратегӣ ва иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва молиявӣ пайваста тавсеа меёбанд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҳамкории бонкҳои Чин ва ташкилотҳои қарзии молиявии Тоҷикистон солҳои зиёд идома дошта, барои рушди савдо ва сармоягузории байни ду кишвар заминаи мусоид фароҳам овардааст. Дар робита ба ин, таъкид карда шуд, ки ифтитоҳи филиалҳои бонкҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ҳамкориҳои дуҷонибаро боз ҳам тавсеа бахшад.

NBTL_24.JPG

Дар идомаи мулоқот Фирдавс Толибзода ҳайати Бонки кишоварзии Чинро бо вазъи макроиқтисодӣ ва бахши молиявии кишвар шинос намуд. Қайд гардид, ки дар Тоҷикистон суръати баланди рушди иқтисодӣ ва сатҳи муътадили таваррум нигоҳ дошта шуда, низоми бонкӣ устувории худро тақвият медиҳад.

Тазаккур дода шуд, ки ислоҳоти роҳандозишуда дар бахши молиявӣ ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, афзоиши ҳаҷми пасандозҳо, густариши қарздиҳӣ ба бахшҳои воқеии иқтисодиёт ва таҳкими устувории молиявии низоми бонкӣ мусоидат кардааст.

NBT_25.JPG

Раиси Бонки кишоварзии Чин Гу Шу дар навбати худ ба дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон баҳои баланд дода, омодагиашро ҷиҳати густариши ҳамкорӣ бо Бонки миллии Тоҷикистон дар самтҳои омӯзиш ва табодули таҷрибаи пешрафтаи бонкдорӣ, рушди иқтисоди сабз, рақамикунонии бахшҳои иқтисодиёт, таҳкими низоми киберамният, такмили механизмҳои комплайенс ва афзудани иқтидори касбии мутахассисон, инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар бахши молиявӣ ва таҳкими робитаҳои иқтисодии ду кишвар иброз дошт.

Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо бори дигар густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва аҳаммияти таҳкими робитаҳои байнибонкӣ, бахусус истифодаи имкониятҳои навро барои рушди муносибатҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистону Чин таъкид карданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2

03.06.2026

Возврат к списку