1 июни соли 2026 роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо коршиносони Хазинаи Байналмилалии Асъор мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои марбут ба баҳодиҳии фаъолият ва заминаи меъёрӣ дар самти идоракунии хавфҳои Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла арзёбии амалии “Сиёсати идоракунии хавфҳо дар БМТ”, такмили низоми идоракунии хавфҳои амалиётӣ, таҳияи нишондиҳандаи хавфпазирӣ (Risk Appetite Framework) ва нишондиҳандаҳои калидии хавфҳои амалиётӣ (KRI), инчунин роҳҳои коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон ва мутобиқ намудани механизмҳои идоракунӣ ба стандартҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз ҳамкории пурмаҳсулу гуногунҷанбаи ХБА ва БМТ, ки ҳадафи он рушди идоракунии хавфҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон мебошад, изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар самти такмили низоми идоракунии хавфҳо ва ҷорӣ намудани таҷрибаҳои пешрафтаи байналмилалӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида, ҳамкориро бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ густариш медиҳад.
Ҳамчунин Фирдавс Толибзода изҳор дошт, ки истифодаи нишондиҳандаҳои муосири арзёбӣ ва назорати хавфҳо барои баланд бардоштани самаранокии фаъолияти низоми бонкӣ, таъмини суботи молиявӣ ва пешгирии омилҳои манфии хавфҳои эҳтимолӣ аҳаммияти зиёд дошта, тавсияҳои коршиносони ХБА ба таҳкими устувории молиявӣ ва такмили низоми муосири идоракунии хавфҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.
Дар навбати худ, роҳбари ҳайати коршиносони Хазинаи Байналмилалии Асъор Санҷив Матай барои тавсеа бахшидани ҳамкориҳои дуҷонибаи судманд дар самти таҳлил ва идоракунии хавфҳо, аз ҷумла хавфҳои амалиётӣ, низоми комплайнс, хавфҳои корреспондентӣ, киберамният, технологияҳои иттилоотӣ (IT) ва дигар бахшҳои марбут ба ин самт омодагиашро баён намуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 7
01.06.2026