Дар доираи сафари кории ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Чехия, муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз 14 майи соли 2026 бо аъзои Раёсати Бонки миллии Чехия ҷаноби Ёқуб Зайдлер ва дигар роҳбарони воҳидҳои сохтории ин ниҳод мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба вазъи ҷории иқтисодиёт дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешбурди сиёсати пулию қарзӣ, бахусус дар доираи реҷаи ҳадафгирии таваррум, инчунин таъмини устувории бахши молиявӣ дар шароити номуайяниҳои геосиёсӣ ва ноустувории бозорҳои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Қайд гардид, ки дар шароити идомаёбии ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ, тағйирёбии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои байналмилалӣ ва шиддат гирифтани рақобатҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои абарқудрат, пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ яке аз воситаҳои асосии муътадил нигоҳ доштани сатҳи нархҳои дохилӣ ва таъмини устувории молиявӣ ба ҳисоб меравад.

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Шарифзода Фируз зимни муаррифии вазъи макроиқтисодии кишвар иброз дошт, ки дар натиҷаи тадбирҳои самараноки амалинамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаву стратегияҳои давлатӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ нигоҳ дошта шуда, сатҳи таваррум дар ҳудуди муътадил қарор дорад.
Дар мулоқот ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар самти омӯзиши таҷрибаи пешқадами Бонки миллии Чехия оид ба татбиқи сиёсати пулию қарзӣ дар доираи реҷаи ҳадафгирии таваррум, таҳкими устувории низоми бонкӣ, кушодан ва пешбурди суратҳисобҳои муросилотӣ дар кишварҳои Аврупо, инчунин ташкили семинару курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ барои баланд бардоштани иқтидори касбии кормандон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба масоили ҳамкорӣ дар бахши молия ва сармоягузорӣ, аз ҷумла имкони таъсиси бонк ё филиали бонкҳои Ҷумҳурии Чехия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар фаъолияти бонкӣ мубодилаи афкор намуда, ба густариши ҳамкории мутақобилан судманд дар самти рушди низоми бонкӣ, такмили сиёсати пулию қарзӣ ва татбиқи технологияҳои муосири молиявӣ изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 122
15.05.2026