2 майи соли 2026 муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) таҳти роҳбарии роҳбари ҳайати ХБА барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаноби Мэтю Гартнер мулоқот анҷом доданд.
Дар оғози мулоқот намояндагони ХБА ҷониби Тоҷикистонро бо анҷоми муваффақонаи барномаи Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) табрик намуда, сатҳи баланди ҳамкории касбӣ ва ҳамоҳангшудаи ҷонибҳоро таъкид карданд. Зикр гардид, ки татбиқи бомуваффақияти барнома ба таҳкими заминаҳои сиёсати иқтисодӣ ва пешбурди ислоҳоти сохторӣ мусоидат намудааст.
Ҳамзамон, ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хориҷ гардидани се ташкилоти қарзии молиявии кишвар аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо дар муҳлати кӯтоҳ табрик намуда, ин равандро ҳамчун натиҷаи мусбати сиёсати пайгирона ва ҳамоҳангии муассири ниҳодҳои давлатӣ арзёбӣ кард.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба динамикаи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ баррасӣ гардиданд. Қайд карда шуд, ки иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна, рушди устувори худро нигоҳ дошта, нишондиҳандаҳои асосӣ тамоюли мусбат доранд. Аз ҷумла, сатҳи пасти таваррум, рушди мунтазами истеҳсолот ва хизматрасониҳо, инчунин таҳкими мавқеи берунаи кишвар ҳамчун омилҳои калидии суботи иқтисодӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар ҷараёни мулоқот муовини якуми Сарвазир Холиқзода Ҳ.Ҳ. зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо як қатор ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ барномаҳои амалкунанда дошта, дар доираи онҳо ислоҳоти фарогири иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ мегарданд. Зикр гардид, ки татбиқи пайвастаи чунин барномаҳо ба таҳкими низоми молиявӣ, беҳтар намудани муҳити сармоягузорӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ мусоидат менамояд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ба таъсири омилҳои геосиёсӣ ва ноустувории муҳити иқтисодии ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд, ки чунин омилҳо, аз ҷумла тағйирёбии вазъ дар минтақа ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, метавонанд ба дурнамои иқтисодӣ таъсир расонанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд, аз ҷумла дар самти татбиқи лоиҳаҳои кумаки техникӣ, изҳор намуданд. Таъкид гардид, ки натиҷаҳои ташрифи ҳайати ХБА метавонанд заминаи устувор барои марҳилаи нави ҳамкориҳо ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ фароҳам оваранд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 248
02.05.2026