1 майи соли 2026 мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор таҳти роҳбарии ҷаноби Мэттю Гертнер баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба вазъи кунунӣ ва дурнамои иқтисодиёти кишвар, тадбирҳои сиёсати пулию қарзӣ, таъмини суботи молиявӣ, рушди бозори асъор ва захираҳои байналмилалӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минбаъдаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ХБА мубодилаи афкор намуданд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои беруна ва номуайяниҳои иқтисоди ҷаҳонӣ, иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоюли мусбати рушдро нигоҳ дошта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ дар сатҳи устувор қарор доранд.
Қайд карда шуд, ки ислоҳоти Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими низоми молиявӣ ба баланд гардидани эътимоди шарикони байналмилалӣ ва беҳтар шудани рейтингҳои байналмилалии иқтисодиёти кишвар мусоидат намудааст.
Дар мулоқот инчунин ба масъалаҳои таҳкими сиёсати пулию қарзӣ, рушди механизмҳои таъмини суботи молиявӣ, такмили низоми танзиму назорат ва тақвияти фарогирии молиявӣ таваҷҷуҳ карда шуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои судманд дар доираи барномаҳои техникию машваратии Хазинаи Байналмилалии Асъор изҳор намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 190
01.05.2026