Дар натиҷаи муколама ва ҳамкориҳои мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарикони аврупоӣ заминаи мусоид барои таҷдиди назар намудани маҳдудиятҳои қаблан ҷоригардида фароҳам омад.

Комиссияи Аврупо дар доираи қарори худ аз 23 апрели соли 2026, ки ба бастаи 20-уми таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо марбут мебошад, се ташкилоти қарзии молиявии кишвар — ҶСП «Спитамен Бонк», ҶСП «Душанбе Сити Бонк» ва ҶСК «Коммерсбонки Тоҷикистон»-ро, ки қаблан дар бастаи 19-уми маҳдудиятҳо қарор доштанд, аз рӯйхати таҳримҳо хориҷ намуд.
Ин тасмим натиҷаи мустақими густариши ҳамкориҳои мақоми танзимгар ва вазорату идораҳои дахлдори кишвар бо Комиссияи Аврупо, татбиқи пайгиронаи стандартҳои байналмилалии комплаенс ва таҳкими низоми мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада арзёбӣ мегардад.
Иқдоми мазкур ба рушди минбаъдаи низоми бонкӣ, афзоиши эътимоди сармоягузорон ва тавсеаи хизматрасониҳои молиявӣ дар кишвар такони мусбат мебахшад.
Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ ба татбиқи ислоҳот, баланд бардоштани шаффофият, тақвияти низоми назорати дохилӣ ва таъмини мутобиқати фаъолияти низоми бонкӣ ба стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Матни пурраи қарорро дар истиноди зер дастрас намоед: //eur-lex.europa.eu/legal-content/EN/TXT/PDF/?uri=OJ:L_202600506
Шуъбаи матбуот
Диданд: 272
24.04.2026