17 апрели соли 2026 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлиси машваратии кишварҳои электорати Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар доираи ҷаласаҳои баҳорӣ баргузор мегарданд, иштирок намуд.
.jpg)
Дар ҷараёни ҷаласа доираи васеи масъалаҳои муҳимми молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла таъмини суботи макроиқтисодӣ, татбиқи сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти хатарҳои геосиёсӣ, таҳкими дурнамои рушд, инчунин таъсири номуайяниҳо дар пасманзари муноқишаҳои ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон – муовини якуми Сарвазири кишвар Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло зимни суханронӣ нақши ниҳодҳои молиявии байналмилалиро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки чунин ҳамоишҳо барои таҳкими муколамаи бисёрҷониба, омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои электорат ва ҳимояи манфиатҳои кишварҳои аъзо заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Зикр гардид, ки ҳамкории зич бо Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар татбиқи лоиҳаҳои муҳимми инфрасохторӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин татбиқи ислоҳоти пайгирона дар самти сиёсати макроиқтисодӣ ва бахши молиявӣ нақши калидӣ дорад.
Ҳамчунин, ба вазъи кунунии иқтисоди ҷаҳонӣ, ки зери таъсири омилҳои геосиёсӣ, номуайянии занҷираҳои таъминот ва хавфҳои иқлимӣ қарор дорад, ишора гардида, зарурати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди савдои озод ва дастгирии ҳамоҳангшудаи молиявӣ таъкид карда шуд.
Дар фарҷом, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии кишварро ҷиҳати идомаи ҳамкории созанда ва таҳкими шарикии дарозмуддат дар доираи электорат изҳор намуд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
18.04.2026