Дар доираи ҷаласаҳои баҳории Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Вашингтон як қатор мулоқотҳои корӣ анҷом дод. Аз ҷумла, 13 апрели соли ҷорӣ мулоқоти вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо директори иҷроияи Хазинаи Байналмилалии Асъор ҷаноби Бо Ли баргузор гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи барномаи PCI, такмили сиёсати пулию қарзӣ, таҳкими назорати бонкӣ ва баланд бардоштани шаффофияти бахши молиявиро баррасӣ намуданд.
Қайд гардид, ки нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ ва устувории низоми молиявӣ дар арзёбиҳои байналмилалӣ низ инъикос ёфта, баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби агентии байналмилалии “Moody’s Ratings” ва “S&P Global Ratings” ҳамчун эътирофи сиёсати пайгиронаи макроиқтисодӣ арзёбӣ мегардад.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар марҳилаи нав, аз ҷумла ҷалби кӯмаки техникӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, такмили низоми комплаенс, муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва идоракунии хавфҳои таҳримӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Хазинаи Байналмилалии Асъор барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҷиҳод Азур вохӯрӣ анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, пешбурди ислоҳоти сохторӣ ва тақвияти суботи макроиқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни муаррифии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ аз ҷониби ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид, ки ҳамкории судманд бо Хазинаи Байналмилалии Асъор ба татбиқи муваффақонаи барномаи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат” (PCI) мусоидат намуда, барои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ заминаи устувор фароҳам овардааст. Қайд карда шуд, ки иқтисодиёти кишвар рушди устувори худро нигоҳ дошта, суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар моҳҳои январ–феврали соли ҷорӣ 8 фоизро ташкил дода, сатҳи таваррум дар ҳудуди 3,6 фоиз қарор дорад.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр намуд, ки нишондиҳандаҳои низоми бонкӣ тамоюли мусбат дошта, дороиҳо, пасандозҳо ва сандуқи қарзӣ афзоиш ёфта, сатҳи кофии сармоя ва пардохтпазирӣ таъмин гардидааст. Таъкид гардид, ки идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Хазинаи Байналмилалии Асъор барои пешбурди ислоҳоти иқтисодӣ, таҳкими суботи молиявӣ ва рушди устувори иқтисоди миллӣ аҳаммияти калидӣ дорад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 0
14.04.2026