14 апрели соли ҷорӣ дар доираи ҷаласаҳои солонаи Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло бо ноиби президент, котиби корпоративии Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ҷаноби Шерард Каупер-Коулз мулоқот намуд.

Дар ҷараёни гуфтушунид ҷонибҳо раванди татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори иҷтимоиро мавриди баррасӣ қарор дода, саҳми Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохториро дар маблағгузории лоиҳаҳои стратегӣ, аз қабили НБО «Роғун», таҷдиди НБО «Норак», сохтмони роҳҳо ва пулҳо муҳим арзёбӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки густариши ҳамкорӣ дар самтҳои энергетикаи «сабз», рушди инфрасохтори нақлиётӣ, истифодаи устувори захираҳои об ва ҷалби сармоягузориҳои дарозмуддат барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва тақвияти ҳамгироии минтақавии Тоҷикистон аҳаммияти калидӣ дорад.
Зимни мулоқот зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии муҳити иқтисодии ҷаҳонӣ рушди устувори макроиқтисодиро нигоҳ дошта, татбиқи ислоҳоти сохторӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷиро идома медиҳад. Таъкид шуд, ки идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо шарикони байналмилалии рушд ба татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок, таҳкими суботи иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар анҷоми мулоқот барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан ҳавасмандӣ изҳор карда шуд.
Қобили қайд аст, ки дар мулоқоти мазкур инчунин вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Завқизода Завқӣ ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Амирзода Пайрав иштирок доштанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 71
14.04.2026