3 апрели соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Қурбонзода Убайдулло ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ифтихори миллат” ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа мувофиқи рӯзнома чор масъала мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Аз рӯи масъалаи якум — “Шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»” раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода маърӯза намуд.
Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳимми стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян менамояд. Таъкид шуд, ки дар Паёми навбатӣ ба масъалаҳои рақамикунонии иқтисоди миллӣ, густариши технологияҳои рақамӣ ва рушди ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, ба низоми бонкӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ, истифодаи самараноки инфрасохтори пардохт, ҷорӣ намудани низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар нуқтаҳои савдо ва хизматрасонӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, афзоиши пасандозҳо, тавсеаи қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятнок, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ ва такмили бозори қарзҳои ипотекӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шудаанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъкид намуд, ки вазифаҳои дар назди низоми бонкии мамлакат гузошташуда аз ҳар як корманд малакаи баланди касбӣ ва масъулияти баландро тақозо намуда, андешидани тадбирҳои саривақтиро барои саҳмгузорӣ дар рушди устувори иқтисоди кишвар зарур мегардонад.
Дар идома, муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода суханронӣ намуда, зикр кард, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун василаи муҳимми муайянсозии ҳадафҳои стратегӣ ҷиҳати таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва тақвияти давлатдории миллӣ хизмат менамояд.
Муовини якуми раиси ҲХДТ дар доираи соати сиёсӣ инчунин зикр намуд, ки яке аз иқдомҳои назарраси ташкилотҳои ҳизбӣ дар солҳои охир, тақвият бахшидани худшиносию ватандустӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ба корҳои созандагӣ ҷалб намудани сокинони кишвар аст. Худшиносии миллӣ инъикосгари хусусиятҳои рӯҳиву равонии ҷомеа, нақши таърихию сиёсии миллат, шинохти ҷойгоҳи худ дар тамаддуни ҷаҳонӣ ва ташаккули ифтихору ғурури созандаи миллӣ аст. Худшиносии миллӣ дар дарки зарурати суботу амният, ваҳдат ва якпорчагии марзу буми ватан ва дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ифода меёбад.
Қайд карда шуд, ки талошҳои пайвастаи Пешвои миллат замина фароҳам оварданд, то мардуми кишвар ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсӣ ва фарҳангӣ ташакул ёбад ва худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои фарҳангӣ ва таҳкими рӯҳияи ягонаи миллӣ дар ҷомеа тақвият ёбанд.
Сипас, тибқи рӯзнома ҳисоботи ташкилоти ибтидоии “Ифтихори миллат” оид ба ҷамъбасти фаъолияти он дар соли 2025 шунида шуд. Зикр гардид, ки фаъолияти ташкилот дар асоси оиннома ва барномаи ҲХДТ ба роҳ монда шуда, теъдоди аъзоён нисбат ба солҳои қаблӣ то 50 фоиз афзоиш ёфтааст. Дар идомаи ҷаласа инчунин вазифаҳои минбаъда муайян гардида, нақшаи кори ташкилоти ибтидоӣ барои соли 2026 бо назардошти пешниҳодҳо тасдиқ карда шуд.
Дар қисмати охири ҷаласа, дар фазои тантанавӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, муовини якуми раис Фируз Шарифзода ва муовини раис Гулбаҳор Назирӣ бо медалҳои ҷашнии 30-солагии ҲХДТ, инчунин як қатор кормандони бонк бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ қадрдонӣ гардиданд.
Дар баробари ин, 10 нафар корманди Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сафи ҳизб қабул шуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1700
03.04.2026 18:00:00