Ахбор

Иҷозатнома дода шуд


Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №251 “Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Тад Дюти Фри” барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор аз рӯйи намуди хизматрасонии (фаъолияти) махсус иҷозатнома дода шуд.

Шуъбаи матбуот

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1234

16.03.2026

Возврат к списку