Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ ва таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ҳамчун истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №75 аз 26 феврали соли 2026 “Барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026–2030” тасдиқ карда шуд.

Баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ дар рушди низоми бонкӣ, таъмини фаъолияти босамари он ва таҳкими эътимоди аҳолӣ ба низоми молиявии кишвар нақши муҳим дорад. Дар ин замина, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, ташкилотҳои молиявӣ ва шарикони рушд силсилаи тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ амалӣ карда мешаванд.
Бо назардошти густариши фарогирии молиявӣ, вусъат ёфтани пардохтҳои ғайринақдӣ ва рушди босуръати хизматрасониҳои молиявии рақамӣ дар кишвар, аҳаммияти саводнокии молиявии шаҳрвандон барои таъмини устувории низоми молиявӣ боз ҳам бештар гардидааст.
Мақсади асосии Барнома ташаккули рафтори оқилонаи молиявии шаҳрвандон ҳангоми қабули қарорҳо вобаста ба идоракунии маблағҳои шахсӣ, таъмини ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ҳамчун сармоягузор ва истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути истифодаи маҳсулот ва хизматрасониҳои босифати молиявӣ мебошад.
Диданд: 2627
17.03.2026