Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми назорати суғуртавии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба Эъломияи Кейптаун оид ба Суғуртаи Фарогир (Cape Town Declaration on Inclusive Insurance) ҳамроҳ гардида, ба ин васила ба Ташаббуси Дастрасӣ ба Суғурта (Access to Insurance Initiative - A2ii) пайваст шуд.

Ташаббуси Дастрасӣ ба Суғурта бо мақомҳои назорати суғуртавии кишварҳои аъзо ҷиҳати густариши фарогирии хизматрасониҳои суғуртавӣ дар саросари ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Иштирокчиёни асосии он бонкҳои марказӣ, мақомоти назорати суғуртавӣ, вазоратҳои молия, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд, марказҳои тадқиқотӣ ва шабакаҳои шарикӣ, аз ҷумла Алянс барои фарогирии молиявӣ (AFI) мебошанд.
Ташаббуси Дастрасӣ ба Суғурта ҳамчун ибтикори байналмилалӣ бо дастгирии Ассотсиатсияи байналмилалии мақомоти назорати суғуртавӣ (IAIS), Агентии Олмон оид ба Ҳамкории Байналмилалӣ (GIZ), Вазорати федералии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) ва дигар шарикони рушд таъсис дода шуда, аз соли 2009 инҷониб дар самти омӯзиши донишҳои соҳавӣ, мусоидат ба табодули таҷриба байни мутахассисони бахши суғурта ва тақвияти муколама байни танзимгарон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор нақши муҳим мебозад.
Ҳадафи асосии ин ташаббус тавсеаи фарогирии суғуртавӣ ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои суғуртавӣ дар ҷаҳон мебошад. Дар ин замина, як қатор самтҳои калидӣ, аз ҷумла дастгирии татбиқи Эъломияи Кейптаун оид ба суғуртаи фарогир, рушди равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи суғуртаи фарогир ва ташкили платформаҳои табодули таҷриба барои танзимгарони соҳа амалӣ мегарданд.
Самтҳои асосии фаъолияти Эъломияи Кейптаун танзими назорати суғуртаи хурд, рақамикунонии хизматрасониҳои суғуртавӣ, суғурта аз офатҳои табиӣ, баробарии гендерӣ, фарогирии молиявӣ ва таҳкими иқтидори касбии мақомоти танзимкунандаи соҳаи суғуртаро дар бар мегиранд.
Қобили зикр аст, ки Эъломияи мазкур дорои панҷ ҳадафи сатҳи баланд (High-Level Goals) мебошад, ки ба самтҳои стратегии рушди назорати суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқанд.
Пайвастан ба ин ташаббус барои низоми суғуртаи кишвар имкони дастрасӣ ба таҷрибаи байналмилалӣ, такмили қонунгузории соҳавӣ, рушди равандҳои инноватсионии суғуртаи фарогири ба танзиму назорат нигаронидашуда, таҳияи ҳуҷҷатҳои стратегӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро фароҳам меорад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2850
17.03.2026