6 марти соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти бонк, занону духтарон – кормандон ва собиқадорони бонк чорабинии бошукӯҳ бахшида ба таҷлили ҷашни фархундаи Рӯзи Модар баргузор гардид.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода нахуст бонувонро бо фарорасии фасли нозанини баҳор ва Рӯзи фархундаи Модар, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни расмӣ эълон шудааст, самимона муборакбод гуфта, иброз дошт, ки Модар дар ҳама давру замон рамзи бақо, сарсабзӣ ва хуррамии зиндагӣ мебошад ва ҷашни мазкур дар арафаи Наврӯз нишон медиҳад, ки фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ҳамеша бо давру замон ҳамоҳанганд.
Қайд карда шуд, ки ҷашни расмии давлатӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд шудани мақоми зан – модар дар ҷомеа шароити мусоид фароҳам овард. Боиси хурсандист, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханронии худ ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону бонувон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми навбатӣ таъкид намуданд, ки “мо нақши бонувону занони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.
Ҷавобан ба ғамхориҳои Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнати софдилонаи занону духтарони мо дар Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша дар мадди назар қарор дошта, дастовардҳо онҳо пайваста қадршиносӣ карда мешаванд. Бояд гуфт, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандон аз ҳисоби занон, таълим ва такмили ихтисоси онҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории бонувони кордону соҳибмаърифат ба вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Айни замон, 252 нафар ё 29%-и кормандони Бонки миллии Тоҷикистонро бонувон ташкил медиҳанд, ки аз онҳо 34 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд, – қайд намуд Фирдавс Толибзода.
Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони созмони ҷавонони бонк низ бахшида ба таҷлили Рӯзи Модар шеърҳо ва навиштаҳои эҷодӣ қироат намуданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ - барномаи фарҳангию фароғатӣ бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар муҳити идонаи ҳамоишро пур аз эҳсоси гармиву самимият кард.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бори дигар занону духтарони бонк ва дар симои онҳо тамоми бонувони ҷумҳуриро бо ҷашни пуршукуҳи Рӯзи Модар табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки бонувони сарбаланди кишвар бо меҳнату заҳмати содиқонаи худ минбаъд низ дар пешрафти низоми бонкии мамлакат ва рушди Ватани азиз саҳми назаррас хоҳанд дошт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3361
06.03.2026