Ахбор

Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


5 марти соли 2026 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Шуро) таҳти роҳбарии Раиси Шуро – вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Хазинаи суғуртаи амонату пасандозҳои Тоҷикистон баргузор гардид.

NBTL6306.JPG

Дар оғози чорабинӣ мутобиқи рӯзномаи ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои қабулгардидаи ҷаласаи даҳуми Шуро муҳокима карда шуда, гузориши масъулин оид ба вазъи молиявии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа ва рушди минбаъдаи фаъолияти он, қисматҳои асосии тавозуни пардохт, аз ҷумла содироту воридот, маблағгузории ҳисоби ҷорӣ ва ҳисоби молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар рафти баргузории ҷаласа аъзои Шуро бо пешниҳоди рӯнамоҳо оид ба вазъи кунунии бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ ва роҳҳои ҳалли вусъатбахшии он, баррасии вазъи иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №586 аз 22 июни соли 2023 "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ" дар вазорату идораҳо, инчунин муҳиммияти Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ дар равандсозии суботи молиявӣ муҳокимаронӣ анҷом доданд.

NBTL6389.JPG     

Дар ин раванд таъкид гардид, ки бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳон, махсусан шиддат гирифтани таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, номуайяниҳо дар бозори молиявӣ, зиёд шудани хавфҳои иқлимӣ ва идомаи дигар омилҳои берунӣ баланд бардоштани иқтидор ва рақобатпазирии самтҳои асосии фаъолияти бахшҳои молиявӣ, рушди фаъолияти бозори коғазҳои қиматнок, вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва ҳамоҳангии зичи вазорату идораҳои калидӣ нақши муассир мебозад.

Дар охири ҷаласа бо мақсади дар ҳамоҳангӣ татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди фарогиру устувори иқтисодӣ, коҳиш додани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар бахшҳои молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳим қайд карда шуда, қарорҳои марбута дар самти рушди бозори коғазҳои қиматноки давлатӣ, вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар кишвар, рушди иқтисоди рақамӣ дар равандсозии суботи молиявӣ ва ғайра қабул гардиданд.

Қайд бояд кард, ки Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми байниидоравии доимоамалкунандаи машваратӣ буда, бо мақсади баррасии масъалаҳои таъмини суботи молиявӣ, ошкор намудани хавфҳо дар низоми молиявӣ ва пешниҳоди тадбирҳо баҳри коҳиш додани онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 2018, №331 таъсис дода шудааст.

Идораи суботи молиявӣ

Telegram  Facebook

Диданд: 2407

05.03.2026

Возврат к списку