5 марти соли 2026 Агентии байналмилалии рейтингии “Moody’s Ratings” рейтинги дарозмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дараҷаи “B2” баланд бардошта, дурнамои онро “устувор” арзёбӣ намуд.
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2014 инҷониб бо агентии мазкур ҳамкорӣ дошта, ба сатҳи “B2” баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрӣ бори аввал ба қайд гирифта мешавад. Ин дастовард натиҷаи пайгиронаи татбиқи сиёсати мутавозини макроиқтисодӣ ва ислоҳоти сохторӣ дар кишвар арзёбӣ мегардад.

Тибқи арзёбии агентии рейтингӣ, беҳтар шудани рейтинг аз дараҷаи “B3” ба дараҷаи “B2” пеш аз ҳама ба рушди устувори иқтисодии кишвар дар солҳои охир, таҳкими мавқеи молиявию буҷетӣ ва нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои мусбати макроиқтисодӣ вобаста мебошад. Дурнамои “устувор” инъикоскунандаи интизориҳои мусбати агентии рейтингӣ нисбат ба идомаи сиёсати оқилонаи молиявию буҷетӣ ва ҳифзи суботи макроиқтисодӣ дар давраи миёнамуҳлат мебошад. Ҳамзамон, идомаи татбиқи ислоҳоти иқтисодию сохторӣ, коҳиш додани хавфҳои марбут ба устувории қарз ва таҳкими идоракунии молияи давлатӣ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки ба беҳтар гардидани арзёбии рейтинги кишвар мусоидат кардаанд.
Баланд гардидани рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар бозгӯи эътимоди шарикони байналмилалӣ ва бозорҳои молиявӣ ба сиёсати макроиқтисодӣ ва суботи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои густариши имкониятҳои ҷалби сармоя, коҳиш додани арзиши қарзгирӣ ва таҳкими мавқеи кишвар дар арсаи молиявии байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2395
05.03.2026