Ахбор

Натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ дар соли 2025


11 феврали соли 2026 тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори дохилӣ ва хориҷӣ нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Толибзода Фирдавс зимни ифтитоҳи нишаст таъкид намуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти худро дар соли 2025 тибқи қонунгузории соҳавӣ, вазифагузориҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бармеоянд, инчунин дар асоси «Самтҳои асосии сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2025 ва давраи миёнамуҳлат» ба роҳ мондааст.

NBT_01.JPG

Сипас ба иштирокдорон маълумоти муфассал дар шакли видеографикаҳо оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва фаъолияти низоми бонкӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла қайд карда шуд:

Дар соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок (5 фоиз ± 2 банди фоизӣ) ҷамъбаст гардида, 3,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли қаблӣ 0,1 банди фоизӣ кам мебошад. Бо мақсади танзими ҳаҷми пул дар муомилот ва коҳиши фишорҳои таваррумӣ 110 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнок ба маблағи 63,6 млрд сомонӣ баргузор гардид.

NBT_02.JPG

Меъёри бозтамвил бинобар идома ёфтани раванди муътадили сатҳи нархҳои дохилию ҷаҳонии молу маҳсулот ва дар ҳудуди поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор доштани сатҳи таваррум ва нисбатан муътадил будани интизориҳои таваррумӣ дар соли ҳисоботӣ тадриҷан 1,5 банди фоизӣ паст карда шуда, дар сатҳи 7,5 фоизи солона муқаррар карда шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дода, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 15,4 фоиз устувор гардид.

Дар ҷумҳурӣ то санаи 31 декабри соли 2025 дар маҷмуъ 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки анъанавӣ, 1 бонки исломӣ, 26 ташкилоти амонатии қарзии хурд, 2 ташкилоти қарзии хурд ва 22 фонди қарзии хурд фаъолият намудааст. Теъдоди воҳидҳои сохтории ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2025 ба 1 960 адад баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 32 адад зиёд мебошад.

NBT_03.JPG

Дороиҳо ва уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар интиҳои соли 2025 ба 59,2 млрд сомонӣ ва 47,9 млрд сомонӣ баробар шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 мувофиқан 24,8 фоиз (ё 11,8 млрд сомонӣ) ва 24,4 фоиз (ё 9,4 млрд сомонӣ) зиёд мебошанд. Сармояи тавозунии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба 11,3 млрд сомонӣ баробар шуда, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ ба андозаи 2,3 млрд сомонӣ ё 26,2 фоиз зиёд шудааст.

NBT_04.JPG

Ба ҳолати 31 декабри соли 2025 бақияи умумии пасандозҳо 33,9 млрд сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин санаи соли қаблӣ 8,4 млрд сомонӣ ё 32,8 фоиз зиёд мебошад. Ҳаҷми умумии бақияи пасандозҳо аз рӯи ҳисса бо пули миллӣ 62,5 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 37,5 фоизро ташкил намуд. Дар таркиби бақияи умумии пасандозҳо ҳиссаи шахсони ҳуқуқӣ 14,7 млрд сомонӣ ё 43,5 фоиз ва ҳиссаи шахсони воқеӣ 19,2 млрд сомонӣ ё 56,5 фоизро ташкил медиҳанд.

Дар соли 2025 ҳаҷми қарзҳои додашуда 30,0 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ 22,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда ба соҳаҳои истеъмолот 42,6 фоиз, савдо ва хӯроки ҷамъиятӣ 13,4 фоиз, кишоварзӣ 11,8 фоиз, саноат 8,3 фоиз, хизматрасонӣ 7,1 фоиз, ипотека 6,1 фоиз, сохтмон 4,5 фоиз ва дигар соҳаҳо 6,2 фоиз рост меояд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки аз ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 27,4 фоиз ба соҳибкории истеҳсолӣ рост омада, маблағи 8,2 млрд сомониро ташкил додааст.

Дар соли ҳисоботӣ ба маблағи 22,0 млрд сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 23,5 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо дар ҳамин давра бо пули миллӣ 22,6 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 11,7 фоизро ташкил дод. Бақияи сандуқи қарзии маҷмуии ташкилотҳои қарзии молиявӣ бошад, дар интиҳои соли ҳисоботӣ маблағи 26,1 млрд сомониро ташкил дода, нисбат ба интиҳои соли 2024 ба маблағи 4,7 млрд сомонӣ ё 22,2 фоиз афзоиш ёфтааст.

Гуфта шуд, ки ба санаи 31 декабри соли 2025 миқдори умумии кортҳои пардохтии бонкӣ 10,4 млн ададро ташкил дода, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 23,7 фоиз зиёд мебошад. Шумораи умумии ҳамёнҳои электронӣ ба 17,7 млн адад баробар гардида, нисбат ба ҳамин санаи соли қаблӣ 46,4 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар соли 2025 ташкилотҳои қарзии молиявӣ барои бо пули нақд таъмин кардани дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ 3 453 адад банкомат ва 4 991 адад терминали электронӣ дар нуқтаҳои пешниҳоди пули нақд (НППН) насб намуданд. Нишондиҳандаҳои мазкур нисбат ба интиҳои соли 2024 мувофиқан 14,9 фоиз ва 30,8 фоиз зиёд мебошанд. Илова ба ин, барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдӣ ба санаи ҳисоботӣ дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 9 017 POS-терминал насб карда шуд, ки нисбат ба соли 2024 теъдоди онҳо 10,8 фоиз зиёд мебошад. Инчунин, дар муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ 28 762 QR–рамзи ягона насб карда шудааст, ки дар муқоиса бо охири соли 2024 44,4 фоиз зиёд мебошад. Шумораи терминалҳои худкори худхизматрасон ба санаи ҳисоботӣ ба 7 330 адад баробар гардид.

1Z9A4618.JPG

Ҳамзамон, бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ (кортҳои пардохтии бонкӣ ва ҳамёнҳои электронӣ) 136,0 млн амалиёти ғайринақдӣ ба маблағи 42,4 млрд сомонӣ гузаронида шудааст, ки ин нишондиҳандаҳо нисбат ба соли 2024 аз рӯи шумора 47,1 фоиз ва аз рӯи ҳаҷми амалиёти гузаронидашуда 39,8 фоиз афзоиш ёфтанд. Таносуби ҳаҷми амалиётҳои гирифтани пули нақд ва амалиётҳои ғайринақдӣ 70,6 фоиз ба 29,4 фоизро ташкил дода, нисбат ба соли қаблӣ ҳиссаи амалиётҳои пардохти ғайринақдӣ 3,2 банди фоизӣ зиёд гардид.

Зикр гардид, ки ба санаи 31 декабри соли 2025 дар ҷумҳурӣ 16 ташкилоти суғуртавӣ, аз ҷумла 1 ташкилоти суғуртавии давлатӣ ва 15 ташкилоти суғуртавии ғайридавлатӣ бо 66 филиал ба аҳолии ҷумҳурӣ хизматрасониҳои суғуртавиро пешниҳод намуданд. Натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар соли 2025 нишон дод, ки нишондиҳандаҳои асосии соҳа раванди афзоишёбӣ доштанд. Аз ҷумла дороиҳои низом нисбат ба соли қаблӣ 26,6 фоиз, сармоя 28,8 фоиз, сармояи оинномавӣ 6,9 фоиз, захираҳои суғуртавӣ 37,8 фоиз, пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ 2,1 маротиба, сармоягузориҳо   2,3 фоиз, пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ 12,1 фоиз ва андозҳои пардохтшуда 29,6 фоиз зиёд гардиданд.

Зимнан қайд гардид, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҳамкории судманд ба роҳ монда, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соли 2025 ба низоми бонкии кишвар ба маблағи 6,01 млрд доллари ИМА сармояи хориҷӣ (қарз, сармоягузориҳои мустақим ва дигар намудҳои сармоягузорӣ) ҷалб карда шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 43,4 фоиз зиёд мебошад.

NBT_06.JPG

Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ба саволҳо оид ба Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026, сохтори захираҳои байналмилалӣ, ҳаҷми пулҳои захиравӣ, чораҳои оид ба пешгирии ҳолатҳои қаллобӣ, асъори рақамӣ ва дороиҳои маҷозӣ, баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявӣ, фурӯши сабикаҳои ченакии тиллоии БМТ, тағйирёбии қурби асъор, чораҳо оид ба пешгирии таҳримҳо нисбати бонкҳои кишвар, қарзҳои ипотекӣ, тамдиди муҳлати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», биткоин-криптоасъор, фоизи қарзҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми низоми бонкӣ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар ҷамъбасти нишаст ба намояндагони воситаҳои ахбори омма барои ҳамкории судманд, инъикоси воқеъбинонаи фаъолияти низоми бонкӣ изҳори сипос намуд ва барои боз ҳам вусъат бахшидани ҳамкориҳои самарабахш омодагии хешро баён дошт.

Шуъбаи матбуот 

Telegram  Facebook

Диданд: 4307

11.02.2026

Возврат к списку