11 феврали соли 2026 тибқи нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2025, №26/10-465 бо иштироки намояндагони ВАО-и дохил ва хориҷи кишвар нишасти матбуотии Бонки миллии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2025 баргузор мегардад.
Бо мақсади таъмини дастрасии намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷи кишвар ба натиҷаҳои фаъолияти низоми бонкӣ ва суғурта дар соли 2025 маълумоти заруриро қабл аз баргузории нишасти матбуотӣ нашр менамоем.

Шуъбаи матбуот
Диданд: 3264
09.02.2026