Бонки миллии Тоҷикистон аз нашри гузориши таҳлилӣ таҳти унвони «Зеҳни сунъӣ дар бозорҳои молиявии Осиёи Марказӣ — 2025» хабар медиҳад. Гузориши мазкур яке аз таҳқиқоти мукаммал ва фарогир дар минтақа буда, дар асоси пурсиши 232 ташкилоти бахши молиявии Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.
Дар ҳуҷҷат таҳлили низомии тамоюлҳои рушди саноати ҷаҳонии зеҳни сунъӣ дар солҳои 2024–2025 пешниҳод шудааст. Бахши молиявӣ ҳамчун яке аз муҳаррикҳои асосии ҷорӣ намудани технологияҳои зеҳни сунъӣ арзёбӣ гардида, тамаркузи истифода аз автоматизатсияи амалиётҳои маъмулӣ ба самтҳои таҳлили пешгӯишаванда (predictive analytics), идоракунии хавфҳо, муқовимат ба қаллобӣ ва оптимизатсияи равандҳои дохилӣ интиқол ёфтааст.
Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, 36 фоизи ташкилотҳо аллакай технологияҳои зеҳни сунъиро истифода мебаранд, 56 фоиз дар солҳои наздик нияти ҷорӣ намудани онро доранд. Аксари иштирокчиён дар марҳилаҳои ибтидоии камолоти технологӣ қарор дошта, 38 фоиз дар марҳилаи омӯзиш ва таҳқиқ қарор доранд, 28 фоиз татбиқи қисман ва лоиҳаҳои пилотиро амалӣ месозанд ва танҳо 2 фоиз ба татбиқи пурраи миқёсан васеъ ноил гардидаанд.
Таҳлили муқоисавии индексҳои байналмилалии омодагӣ ба ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ нишон медиҳад, ки барои кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи камолоти технологӣ ва рушди сармояи инсонӣ ҳамчун даъвати асосии дарозмуддат боқӣ мемонанд.
Нашри гузориши мазкур ба ташаккули пойгоҳи ягонаи таҳлилии минтақавӣ ва мусоидат ба таҳияи равишҳои ҳамоҳангшуда оид ба рушд ва танзими зеҳни сунъӣ дар бозорҳои молиявии Осиёи Марказӣ равона гардидааст.
Матни пурраи гузориш дар бахши «Таҳқиқотҳо»-и Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дастрас мебошад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3982
09.02.2026