Ахбор

Семинари омӯзишӣ оид ба таҳкими иқтидори кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО дар шаҳри Бохтар


Аз 3 то 5 декабри соли 2025 дар шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар (вилояти Хатлон) бо ташаббуси маркази омӯзишӣ-методии департаменти мониторинги молиявӣ барои кормандони ташкилотҳои қарзии молиявӣ семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории семинар баланд бардоштани савияи дониш ва тахассуси кормандон дар самти пешгирии қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) мебошад.

1000090347.jpg

Чорабиниро мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Самадзода Фирдавс Ҷаббор ифтитоҳ намуда, нақши афзояндаи ташкилотҳои қарзии молиявиро дар таъмини самаранокии низоми миллӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО таъкид кард. Зикр гардид, ки бо рушди технологияҳои молиявӣ ва афзоиши хатарҳои киберӣ, баланд бардоштани донишу малакаи амалии кормандон барои устувории низоми молиявӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Дар семинар 30 нафар мутахассисони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар ва намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар ҷараёни чорабинӣ иштирокдорон бо низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО, стандартҳои байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, инчунин принсипҳои санҷиши дахлдори муштарӣ шинос шуданд.

1000090367.jpg

Барномаи семинар инчунин масъалаҳои пешгирии амалҳои ҷиноятӣ, аз ҷумла амалётҳои дропп ва фаъолияти дропперон, таҳлили кейсҳо оид ба пешгирии маблағгузории терроризм ва бартарафсозии камбудиҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар самти МҚД/МТ/МПСҚО-ро дар бар гирифт.

Иштирокдорон дар машғулиятҳои амалии бахшҳои омӯзишӣ фаъолона ширкат варзида, оид ба масъалаҳои матраҳшаванда ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки баргузории ин гуна чорабиниҳо барои тақвияти малакаҳои амалӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобила байни субъектҳои ҳисоботдиҳанда мусоидат менамояд ва чунин семинарҳо минбаъд дар дигар минтақаҳои кишвар низ ба таври мунтазам баргузор карда мешаванд.

Мониторинги молиявӣ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 1707

11.12.2025

Возврат к списку