Ахбор

Вохӯрии роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор


28 октябри соли 2025 роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор мулоқот доир намуд. Мулоқот дар доираи баррасии сеюми Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) баргузор гардида, ҷонибҳо арзёбии натиҷаҳои барнома, дурнамои иқтисодиву молиявии кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.

01.JPG

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни шарҳи вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ қайд кард, ки “Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати пулию қарзиро баҳри таъмини суботи нархҳо ва эътимоди ҷомеа ба пули миллӣ равона намуда, ҷиҳати иҷрои “Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат”, ки бо назардошти ислоҳоти афзалиятнок бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат таҳия гардидааст, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ин вохӯрӣ фурсати муносиб барои муҳокимаи натиҷаҳои бадастомада ва баррасии масъалаҳо ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда мебошад”.

02.JPG

Дар вохӯрӣ натиҷаҳои татбиқи марҳилаҳои қаблии барнома мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо инчунин доир ба дурнамои иқтисодӣ ва тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ, идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ, таҳкими бозори асъор, идораи самараноки пардохтпазирӣ ва пешгирии фишорҳои таваррумӣ, устувории бахши молиявӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳайати Хазинаи Байналмилалии Асъор табодули назар намуданд.

03.JPG

Зимнан Фирдавс Толибзода иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба рақамикунонии низоми молиявӣ, густариши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва қабулу истифодаи технологияҳои муосир (RegTech ва SupTech) аҳаммияти махсус медиҳад. Ин иқдом ба баланд бардоштани самаранокии танзим ва густариши фарогирии молиявӣ равона шудааст.

04.JPG

Дар анҷом, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Хазинаи Байналмилалии Асъор изҳори қаноатмандӣ намуда, изҳор дошт, ки татбиқи пайгиронаи ислоҳоти сохторӣ ва сиёсати макроиқтисодии устувор барои таҳкими эътимоди сармоягузорон, рушди устувори иқтисодӣ ва суботи молиявӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.

Шуъбаи матбуот

PS: Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument) фишанги ғайримолиявӣ буда, дар доираи он ба кишварҳои аъзо кумаки машваратӣ пешниҳод мегардад. Барномаи мазкур барои беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ муҳим ба шумор рафта, истифода аз он ба афзоиши ҷолибияти иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард. 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2348

28.10.2025

Возврат к списку