Ахбор

Иштирок дар ҷаласаҳои гурӯҳи кишварҳои аъзои Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ


17 октябри соли ҷорӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Сарвазир Ҳоким Холиқзода дар маҷлиси машваратии кишварҳои аъзои ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ширкат намуд. Дар кори ҷаласа доираи васеи масъалаҳои молиявӣ, аз қабили таъмини суботи иқтисодӣ, сиёсати пулию қарзӣ бо назардошти вазъи геосиёсӣ, таҳкими дурнамои рушд, таъсири номуайянӣ ва хатарҳо дар пасманзари муноқишаҳои давомдор, инчунин дигар масоили аҳаммияти ҷаҳонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

photo_2025-10-17_17-40-59.jpg

Роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳ.Ҳ. зимни суханронӣ вазъи кунунии иқтисоди кишвар, дастовардҳои макроиқтисодӣ ва самтҳои афзалиятноки сиёсати пулию қарзиро шарҳ дода, зикр кард, ки ҳамкориҳои судманд ва дарозмуддати Тоҷикистон бо ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ дар татбиқи ислоҳоти иқтисодиву сохторӣ нақши муҳим доранд. Номбурда ҳамкории самарабахш дар доираи Барномаи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат” (PCI)-ро воситаи муҳимми пешбурди ислоҳот дар бахшҳои сиёсати пулӣ, беҳтарсозии идоракунӣ ва тақвияти шаффофият арзёбӣ намуд.

photo_2025-10-17_17-41-00.jpg

Қайд карда шуд, ки рушди устувори иқтисоди кишвар дар соли 2025 ва таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ ба бозори Тоҷикистон аз сатҳи баланди эътимод ба иқтисоди миллӣ ва суботи низоми молиявӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки рақамигардонии иқтисодиёт, рушди энергетикаву иқтисоди сабз ва сармоягузории устувор ҳамчун афзалиятҳои муҳимми стратегии кишвар муайян карда шуда, ҳамкории наздик бо Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар шарикони рушд барои татбиқи ҳадафҳои гузошташуда нақши ҳалкунанда дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори густариши ҳамкориҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ буда, таҳкими робитаҳо дар самтҳои савдо, энергетика, нақлиёт ва инфрасохтори рақамиро омили муҳимми таҳкими устувории иқтисодии минтақа медонад.

Зимни муҳокимаронӣ иштирокдорони дигари ҷаласа низ доир ба таҷриба ва дастоварди кишварҳои худ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт, рушди иқтисоди сабз, беҳсозии муҳити сармоягузорӣ ва густариши истифодаи воситаҳои молиявии устувор ва тавсеаи ҳамкорӣ бо институтҳои байналмилалии молиявӣ табодули назар намуданд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3196

17.10.2025

Возврат к списку