16 октябри соли ҷорӣ раиси Бонки милии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар шаҳри Вашингтон бо раиси Бонки миллии Швейтсария Мартин Шлегел мулоқот анҷом дод. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба масоили муҳимми ҳамкории мутақобила миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки миллии Швейтсария табодули назар намуда, роҳҳои таҳкими робитаҳои касбӣ ва густариши ҳамкориро дар бахшҳои сиёсати пулӣ, устувории молиявӣ, идоракунии хавфҳо ва афзоиш додани иқтидори кадрӣ баррасӣ намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз сатҳи ҳамкории ҳар ду ниҳоди молиявӣ, ки зиёда аз 25 сол идома дорад, изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр кард, ки дар ин давра лоиҳаҳои зиёди кумакҳои техникӣ дар самти идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ ва идоракунии хавфҳо бо дастгирии Бонки миллии Швейтсария амалӣ шудааст. Қайд карда шуд, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон нишондиҳандаҳои мусбати рушди иқтисодӣ дошта, сиёсати пулии кишвар ба таъмини суботи нархҳо, таҳкими низоми бонкӣ ва рушди устувори иқтисодӣ нигаронда шудааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин оид ба масоили ифтитоҳи суратҳисобҳои муросилотӣ, тавсеаи муомилоти молиявӣ, тақвияти пардохтҳои байналмилалӣ, ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, рушди молияи сабз ва устуворӣ ба хавфҳои иқлимӣ суҳбат намуда, изҳор доштанд, ки табодули таҷриба, машваратҳои коршиносӣ ва барномаҳои омӯзишӣ метавонанд дар таҳкими иқтидори институтсионалӣ ва рушди насли нави мутахассисони соҳа мусоидат намоянд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки робитаҳо байни бонкҳои марказии ҳар ду кишвар минбаъд низ бо назардошти манфиатҳои дуҷониба дар сатҳи баланд идома хоҳанд ёфт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2866
17.10.2025