Ахбор

Вохӯрии ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони сохторҳои ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ


Дар доираи ҷаласаҳои солонаи ХБА ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, сардори раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъазода Маҳмуд ва намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА ва Бонки Ҷаҳонӣ Пайрав Амирзода як қатор мулоқотҳои муҳимро анҷом дод.

N_01.jpg  

Аз ҷумла, 15 октябр вохӯриҳои ҳайат бо муовини директори иҷроияи ХБА Бо Ли, ноиби президенти минтақавии Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Рикардо Пулити ва директори департаменти ХБА барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Ҷиҳод Азур доир гардиданд.

Дар мулоқот бо директори иҷроияи ХБА ҷаноби Бо Ли зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат бо ХБА қадамҳои устувор гузошта, нишондиҳандаҳои макроиқтисодии худро дар сатҳи мусбат нигоҳ медорад. Дар ин замина Бонки миллии Тоҷикистон низ татбиқи ислоҳот дар бахши сиёсати пулию қарзӣ ва тавсеаи фарогирии хизматрасониҳои молиявиро идома медиҳад.

N_02.jpg  

Дар вохӯрӣ бо ноиби президенти минтақавии IFC ҷаноби Рикардо Пулити масоили ҳамкорӣ бо ин ниҳод мавриди баррасӣ қарор гирифт. Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз саҳми Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар рушди иқтисоди сабз, густариши хизматрасониҳои рақамӣ ва дастгирии соҳибкорони хурду миёна, бахусус занони соҳибкор ёдовар шуда, ба тақвияту тавсеаи лоиҳаҳои ҷорӣ ва барномаҳои ESG дар низоми бонкӣ даъват намуд.

Дар мулоқот бо директори департаменти ХБА барои кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ ҷаноби Ҷиҳод Азур ҷонибҳо вобаста ба раванди иҷроиши Барномаи “Фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат”, кӯмакҳои техникӣ ва машваратӣ дар доираи Барнома ҷиҳати рушди иқтидори инсонӣ, инчунин имконоти маблағгузории дарозмуддат барои таҳкими муқовимат ба таъсири омилҳои беруна ва тағйирёбии иқлим суҳбат намуданд.

N_03.jpg  

Дар ҷараёни мулоқотҳо, ҳамзамон масъалаҳои ҳамкории техникӣ, рушди бозори асъор, тақвияти низоми назорати бонкӣ, тавсеаи ҳамгироии молиявӣ, густариши молияҳои “сабз” ва дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоиву инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.

Худи ҳамин рӯз, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода инчунин дар муколамаи сатҳи баланд “Оид ба таҳкими устувории иқтисодӣ бо истифода аз платформаҳои рақамии давлатӣ”, ки аз ҷониби Бонки Марказии Ҳиндустон ташкил гардид, иштирок намуд. Дар ҳамоиши мазкур, ба иштирокдорон доир ба таҷрибаи ҷорӣ кардани низоми пардохтҳои зуд ва фаврӣ дар намунаи давлати Ҳиндустон маълумот дода шуд.

Шуъбаи матбуот

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2328

16.10.2025

Возврат к списку