Ахбор

Эълон дар бораи тамдиди муҳлати қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун


Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади интихоби ширкати аудиторӣ ҷиҳати гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии маҷмуии бонк барои солҳои молиявии 2025-2029 озмун эълон мекунад.

Озмун дар доираи даҳгонаи ширкатҳои аудитории эътирофшудаи байналмилалӣ маҳдуд мегардад.

Муҳлати пешниҳоди дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то 24 октябри соли 2025 тамдид карда шуд.

Аз ширкатҳои аудиторие, ки барои иштирок дар озмун таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки дархостҳои худро лутфан ба нишонии зерин ирсол намоянд: 

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 38/1,

Бонки миллии Тоҷикистон, Департаменти аудити дохилӣ,

тел.: +(992 44) 600 31 86, +(992 44) 600 46 69,

е-mail: bkholiqov@nbt.tj; inematzoda@nbt.tj

Маълумоти асосӣ дар бораи хизматрасонӣ ва шароити кор дар Замимаи 1 баён шудааст.

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 3394

08.10.2025

Возврат к списку