7 октябри соли 2025 дар мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ноиби президенти Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ ҷаноби Марк Боуман масъалаҳои тавсеаи ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Дар вохӯрӣ инчунин муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода, директори минтақавии БАТР дар кишварҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон хонум Айтен Рустамова, роҳбари намояндагии БАТР дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Холгер Вифел иштирок доштанд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайати БАТР барои ҳамкории самарабахши бисёрсола ва дастгирии доимӣ, бахусус пешниҳоди дастгириҳои молиявию техникӣ ба низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки солҳои охир дар натиҷаи ҳамкорӣ бо БАТР Бонки миллии Тоҷикистон дар татбиқи як қатор ислоҳоти муҳим, аз қабили тақвияти сиёсати пулию қарзӣ ва гузариш ба низоми ҳадафгирии таваррум, такмили идоракунии корпоративӣ ва таҳкими назорати бонкӣ, баланд бардоштани устуворӣ ва шаффофияти низоми молиявӣ ва татбиқи ташаббусҳои марбут ба маблағгузории сабз ва идоракунии хавфҳои иқлимӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид.
Ноиби президенти БАТР оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкорӣ ҷаноби Марк Боуман зимни мулоқот аз ҳамкориҳои судманди тарафҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки БАТР минбаъд низ дастгирии худро барои татбиқи ислоҳоти фарогир ҷиҳати тавсеаи рушди низоми бонкии кишвар идома хоҳад дод.
Дар ҷараёни мулоқот муҳиммияти ҷалби кумакҳои техникии БАТР барои таҳкими минбаъдаи механизмҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, аз ҷумла, муайяннамоӣ, идоракунӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои молиявӣ, такмили асосҳои сиёсати пулию қарзӣ, таҳкими воситаҳои таҳлилӣ, рушди бозори молиявӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои молиявӣ, баланд бардоштани иқтидори назорату таҳлили бозори суғурта ва таҳияву татбиқи низоми муосири идоракунии хавфҳои амалиётӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон таъкид гардид.
Дар фарҷом, ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати густариш ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъда баён дошта, омодагии худро барои идомаи татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои маблағгузории сабз, фарогирии молиявӣ ва рақамикунонии хидматҳои молиявӣ изҳор намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2656
07.10.2025