Ахбор

Вокуниш ба муроҷиати шаҳрванд Иноятова С.М ки дар сомонаи «Фараҳ» 18 сентябри соли 2025, таҳти унвони «Ҷамшед Сиёев дар сояи кист?» нашр шудааст


Бонки миллии Тоҷикистон муроҷиати шаҳрванд Иноятова С.М, намояндаи оилаи марҳум Иноятов Изатулло Амонуллоевич, собиқ роҳбари ҶДММ “Анушервон”-ро дар робита ба амволи воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ки аз ҷониби ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк ” ба моликияти Бонки миллӣ супорида шудааст, мавриди омӯзиш ва баррасии ҳамаҷониба қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” соли 2015 бо мақсади таъмини пардохтпазирии кӯтоҳмуддат аз Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун қарздиҳандаи сатҳи ниҳоӣ маблағи қарзӣ ҷалб намуда, уҳададории худро бо гарави маҷмӯи молумулки ғайриманқул, аз ҷумла бинои маъмурӣ ва истеҳсолии воқеъ дар шаҳри Ҳисор, кӯчаи Сохтмончиён таъмин намуд.

Бояд қайд намуд, ки амволи мазкур ҳанӯз 7-уми майи соли 2010 тибқи Созишномаи ҳаққи дасткашӣ байни ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” ва ҶДММ “Анушервон” ба ивази қарзи ҷамъият ба қарздеҳ – ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” супорида шудааст.

Бинобар сабаби аз ҷониби ҶСП БСТТИСТ “Тоҷпромбонк” дар муҳлати муқарраргардида иҷро накардани уҳдадории қарзӣ, раванди ба моликияти Бонки миллии Тоҷикистон қабул намудани амволҳои таҳти гарав оғоз гардид. Дар ин раванд муроҷиату даъвоҳои Иноятов Р.А. бобати доштани ҳаққи соҳибмулкӣ ба амволи гарави Бонки миллӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судӣ мавриди таҳқиқи ҳамаҷониба қарор дода шуда, бо қабули қарорҳои қонунӣ рад карда шуд. Бонки миллии Тоҷикистон танҳо баъд аз ба тасвиб расидани таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе таҳти №7/58 аз 30.01.2025 амволи мазкурро ба тавозун қабул намуд.

Дар рафти ба моликият ва тавозуни Бонки миллии Тоҷикистон қабул намудани амвол, бо дархости Иноятов Раҳматулло Амонуллоевич муроҷиаткунанда аз ҷониби намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда шуда, дар ҳузури адвокати Иноятов Раҳматулло ҳамаи паҳлуҳои ҳуқуқӣ ва воқеии масъалаи мазкур шарҳу тавзеҳ дода шуд.

Маврид ба зикр аст, ки тамоми амалҳои марбут ба амволи мазкур дар асоси қарори Суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо риояи қатъии қонунгузории амалкунанда ва дар доираи принсипҳои қонуният ва шаффофият анҷом дода шудаанд. Ҳар гуна иддао оид ба беэҳтиромӣ аз ҷониби кормандони Бонки миллии Тоҷикистон асоси воқеӣ надоранд.

Шуъбаи матбуот

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2251

06.10.2025

Возврат к списку