Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ташкилоти суғуртавии Такаффул” барои фаъолияти суғуртавӣ аз рӯйи қоидаҳои мувофиқашудаи намудҳои суғурта иҷозатнома дода шуд.
Иҷозатномаҳои ҶДММ “Ташкилоти суғуртавии Такаффул”, ки бо қарорҳои Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №63 аз 23 июни соли 2023, ва №103 аз 20 сентябри соли 2023 ҷиҳати амалисозии фаъолияти суғуртавӣ дода шудаанд, аз эътибор соқит гардиданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 1748
03.10.2025