17 сентябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти муовини якуми раис Фируз Шарифзода бо муассисони ширкати ӯзбекистонии ҶДММ “OZPLANET” ва роҳбари барномаи “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул”-и Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ (IFC) баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба имкониятҳои платформаи рақамии амалиёти факторинг ва густариши ҳамкориҳо дар ин самт табодули андеша намуданд.
Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода қайд намуд, ки рақамикунонии хизматрасониҳои молиявӣ яке аз ҳадафҳои афзалиятноки Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ин ҷода татбиқи платформаи электронии факторингӣ, ки иқтидори дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъмини шаффофияти ҳисоббаробаркуниҳо ва фаъолгардонии гардиши сармояро дар иқтисодиёт дорад, саривақтӣ ва муфид хоҳад буд.
Шарифзода Ф.Ҳ. иброз дошт, ки дар доираи Харитаи роҳ ҷиҳати амалинамоии барномаи “Маблағгузорӣ дар асоси дороиҳои манқул” барои соҳибкорони хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар соли 2024 созишномаи дутарафа байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ба имзо расидааст. Ҳадафи асосии барномаи мазкур зиёд намудани дастрасии соҳибкорони хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизматрасониҳои молиявӣ ва маҳсулоти қарзии алтернативӣ буда, маблағгузорӣ таҳти гарави дороиҳои манқул метавонад ба ин раванд мусоидат намояд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки барнома ва платформаи электронӣ барои фароҳам овардани шароити мусоиди маблағгузорӣ таҳти гарави дороиҳои манқул, алалхусус ташкили платформаи рақамии факторинг, ба таври сода ва зуд анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо байни соҳибкорону таҳвилгарони онҳо имкон медиҳад.
Зимни мулоқот намояндагони ҶДММ “OZPLANET” доир ба фаъолияти платформаи рақамии факторинг дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон маълумот пешниҳод намуда, кори платформаи мазкурро дар амал нишон доданд. Бояд қайд кард, ки ширкати ҶДММ “OZPLANET” таҳиякунанда, соҳибмулк ва оператори яке аз платформаҳои рақамии факторинг дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳисоб рафта, дорои таҷрибаи рақамикунонии хизматрасониҳои бонкӣ дар Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия мебошад.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба самтҳои дигари ҳамкории минбаъда табодули афкор намуда, омодагии хешро ҷиҳати густариши он баён намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3434
18.09.2025