17 сентябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ мулоқот баргузор гардид. Ҳадафи асосии вохӯрӣ шиносоӣ бо роҳбари нави гурӯҳи молиявии Бонки Ҷаҳонӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ – хонум Татиана Дидйе буд. Номбурда ба ҷойи Пиетро Каличе, ки қаблан ин вазифаро ба уҳда дошт, таъин гардидааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба иҷрои лоиҳаи “Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон”, барномаи грантӣ барои таҳияи лоиҳаҳои (GFPP) экосистемаи стартапҳо баҳри рушди иқтисодӣ (SEED) ва пешниҳоди грант дар доираи GFPP ҷиҳати гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, инчунин як қатор масъалаҳои мавриди назар, аз ҷумла маблағгузории иқтисоди сабз, хизматрасониҳои молиявии рақамӣ, хавфҳои тағйирёбии иқлим, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, татбиқи Стратегияи фарогирии молиявӣ, нигаҳдории суботи макроиқтисодӣ, афзун намудани пардохтҳои ғайринақдӣ, таъмини устувории низоми пардохт, рушди бозори коғазҳои қиматнок ва ғайра мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳайати Бонки Ҷаҳонӣ барои дастгирии пайвастаи лоиҳаҳое, ки ба таҳкими бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд, арзи сипос намуда, иброз дошт, ки баҳри таъмини рушди иқтисодӣ ва тавсеаи низоми бонкии кишвар ташаббусҳои созандаи ин ташкилоти бонуфузи ҷаҳониро дастгирӣ хоҳад кард.
Зимни мулоқот хонум Татиана Дидйе ҳайати Бонки Ҷаҳониро муаррифӣ карда, барои ҳамкории судманд ва пазироии самимӣ ба роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон изҳори сипос намуд ва ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба натиҷаҳои марҳилаи дуюми барномаи кумаки техникии Бонки Ҷаҳонӣ “Тақвияти бахши молиявӣ дар Тоҷикистон”, қисмҳои марҳилаи дуюми барномаи мазкур, заминаи меъёрии ҳуқуқии маблағгузории хурд, фишорсанҷиш, бозори қарздиҳӣ, маблағгузории устувор ва арзёбии хавфи тағйирёбии иқлим ва ғайраро муҳокима намуданд.
Хонум Татиана Дидйе аз натиҷаҳои бадастовардаи бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус низоми бонкӣ, изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагии Бонки Ҷаҳониро барои ҳамкории судманд ва баргузор намудани вохӯриҳои алоҳида бо воҳидҳои сохтории Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи босамари лоиҳаҳои амалкунанда ва барномаи грантӣ иброз дошт.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3311
18.09.2025