16 сентябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти роҳбарияти бонк бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Салмон Бал ва намояндагони ширкати «SICPA SA» баргузор гардид. Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба муносибатҳои боэътимоди иқтисодиву сиёсии ҳарду кишвар давоми се даҳсолаи охир, истифодаи самараноки зарфиятҳои мавҷудбуда ва самтҳои нави ҳамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо қаноатмандӣ ҳамкориҳои муфиди ду кишварро дар доираи муассисаҳои Бреттон-Вудс қайд намуда, изҳор дошт, ки Швейтсария дар Шурои директорони Хазинаи Байналмилалии Асъор ва Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаъолона намояндагӣ мекунад, ки ин барои таъмини суботи иқтисодии кишвар муҳим дониста мешавад. Гуфта шуд, ки Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки миллии Швейтсария дар доираи лоиҳаҳои марбут ба идоракунии захираҳои байналмилалӣ, сиёсати пулию қарзӣ, идоракунии хавфҳо, омор ва тавозуни пардохт ҳамкории судманд дошта, Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ (SECO) тули солҳои охир як қатор лоиҳаҳоро дар бахши молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ намудааст, ки ислоҳоти зиддибуҳронӣ ва ташкили низоми молиявии устувор ва самаранокро дар бар мегиранд.
Зимни мулоқоти ҷонибҳо инчунин оид ба фаъолияти ширкати «SICPA SA» суҳбат доир гардида, намояндагони ширкат дар бораи таҷриба ва маҳсулоти худ маълумот доданд. Ҳамзамон, Сафири Фавқулода ва Мухтори Швейтсария дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Салмон Бал аз фаъолияти самарабахши Бонки миллии Тоҷикистон дар самти ислоҳот ҷиҳати танзими сатҳи таваррум изҳори қаноатмандӣ намуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон қайд намуд, ки пули миллии сомонӣ аз соли 2000-ум то имрӯз дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои байналмилалии чопи пул ба муомилот бароварда шуда, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки сифати пули миллиро мувофиқи меъёрҳои пешрафтаи байналмилалӣ беҳтар намояд. Дар замина, изҳори умедворӣ карда шуд, ки ширкат оид ба таҷрибаи худ дар соҳаи чопи пул ва имкониятҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон иттилооти заруриро пешниҳод хоҳад кард.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба дигар самтҳои ҳамкорӣ низ табодули андеша намуда, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд омодагии хешро баён доштанд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3045
17.09.2025