Бонки миллии Тоҷикистон дар посух ба матлаби “Радиои Озодӣ” аз санаи 9 сентябри соли 2025 бо унвони “Чаро доллар дар Тоҷикистон арзон, вале камёфт шудааст?” чунин иттилоъ медиҳад:
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ асъори нақдро барои фурӯш ба шахсони воқеӣ аз хориҷа ва бозори дохилӣ дастрас мекунанд. Дар навбати худ, Бонки миллии Тоҷикистон низ тибқи тартиби муқарраршуда талаботи ташкилотҳои қарзии молиявиро бо доллари нақди ИМА дар асоси дархости расмии онҳо таъмин менамояд.
Барои таъмин намудани ташкилотҳои қарзии молиявӣ (ТҚМ) бо доллари нақди ИМА аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ягон намуд маҳдудият ҷорӣ нашуда, баръакс талаботи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар асоси дархостҳои пешниҳодшуда пурра ва сари вақт қонеъ гардонида мешавад.
Вобаста ба фурӯши асъор аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён низ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ягон маҳдудият ё талаботи иловагӣ ҷорӣ карда нашудааст.
Лозим ба зикр аст, ки ТҚМ ҳамарӯза вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии воҳидҳои сохтории худ, ҳаҷми талабот ба асъор ва имкониятҳояшон асъори нақдро барои фурӯш ба муштариён ҷудо мекунанд. Барои маълумот, дар моҳҳои январ – августи соли 2025 асъори нақди барои аҳолӣ аз ҷониби ТҚМ ҷудошуда нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 зиёд мебошад.
Норасоии муваққатии асъор дар ТҚМ ва воҳидҳои сохтории онҳо метавонад танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ, аз қабили ба итмом расидани асъори нақди ҷудошуда дар хазина дар натиҷаи фурӯши он, инчунин дар вақти муайяншуда ирсол нагардидани асъори нақди барои фурӯш ҷудогардида ба воҳидҳои сохтории ТҚМ ба миён ояд, вале ҳолати мазкур вазъияти бозорро пурра инъикос намекунад.
Вобаста ба омилҳои тағйирёбии қурби пули миллӣ метавон гуфт, ки тағйирёбии қурби сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ ба як қатор омилҳои берунӣ ва дохилӣ вобаста мебошад.
Ба омилҳои берунӣ ҳаҷми воридоти асъор аз хориҷа ба ҷумҳурӣ, ҳодисаҳои геосиёсӣ ва иқтисодии ҷаҳонӣ, тағйирот дар сиёсати бонкҳои марказии кишварҳои абарқудрат ва махсусан тағйирёбии қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА дохил мешаванд. Омилҳои дохилӣ бошанд, тамоюли тағйирёбии талабот ба асъор дар бозори дохилӣ ва раванди таъмин намудани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо асъор аз ҷониби низоми бонкӣ ба ҳисоб мераванд. Ин ҳолат бештар хусусияти мавсимӣ дорад ва таъсири он низ ба қурби сомонӣ вобаста ба мавсим гуногун мебошад.
Айни замон яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба устуворшавии қурби расмии пули миллӣ – ин болоравии қурби рубли русӣ нисбат ба доллари ИМА мебошад, ки он дар навбати худ вобаста ба ҳаҷми воридшавии рубли русӣ ба ҷумҳурӣ тадриҷан ба устуворшавии қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА сабаб мегардад.
Ҳамзамон, дар ин мавсим аз ҷониби шахсони воқеию ҳуқуқӣ талабот ба асъор нисбатан кам гардида, талаботи мавҷуда аз ҷониби низоми бонкӣ пурра қонеъ гардида истодааст, ки омили мазкур низ ба устуворшавии қурби сомонӣ мусоидат менамояд.
Дар мавриди талаб намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ зикр намудан лозим аст, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд дар доираи талаботи қонунгузорӣ чораҳои санҷиши дахлдори муштариро нисбат ба муштариёни худ бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ намоянд, аз ҷумла:
- оид ба ҳадафу хусусияти эҳтимолии муносибатҳои корӣ бо муштариён иттилоъ гиранд (талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”);
- ҳангоми анҷом додани ҳама гуна амалиёти мубодилавии якдафъаина ё якчанд амалиёти ба ҳам алоқаманд бо асъори хориҷии нақд ба маблағи аз 350 то 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши аз 350 то 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, мушаххаскунии шахсияти муштарӣ дар асоси ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият гузаронда мешавад (талаботи Дастурамали №257 “Дар бораи санҷиши дахлдори муштарӣ”).
Дар баробари ин, ташкилотҳои қарзии молиявӣ уҳдадоранд санҷиши дахлдори муштариро ҳангоми мавҷуд будани шубҳа ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, новобаста ба маблағи амалиёт, ё аҳд, ё ягон истиснои дигар гузаронанд.
Дар ин замина, ҳангоми аз ҷониби муштариён анҷом ёфтани амалиётҳои мубодилаи асъори нақди хориҷӣ аз онҳо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар намуди тасдиқи фаъолияти тиҷоратӣ ва соҳибкорӣ талаб карда мешавад.
Қобили қайд аст, ки шахсони воқеӣ ҳангоми зарурат (пардохти маблағи таҳсил дар хориҷи кишвар, табобат ва ё сафарҳои сайёҳӣ) метавонанд аз дилхоҳ ташкилоти қарзии ватанӣ корти низоми пардохтии байналмилалиро (Visa, UnionPay, Mastercard ё дигар) дастрас намуда, бо ворид намудани маблағи сомонии худ, аз он дар хориҷи кишвар ба осонӣ истифода баранд. Маблағи сомонӣ дар кортҳои байналмилалӣ ба тариқи автоматӣ ба асъори хориҷӣ табдил дода мешаванд.
Бонки миллии Тоҷикистон хотиррасон менамояд, ки дар тамоми хазинаҳои бонкҳо ва воҳидҳои сохтории онҳо телефони боварии БМТ барои қабули арзу шикояти истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мавҷуд буда, шаҳрвандон метавонанд бевосита оид ба мушкилот ва масъалаҳои ҷойдошта муроҷиат намоянд.
Шуъбаи матбуоти БМТ
Диданд: 3420
16.09.2025