12 сентябри соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурӯҳи коршиносони миллӣ ҷиҳати омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Гурӯҳи коршиносони миллӣ мутобиқи банди 1.3 «Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми МҚД/МТ/МПСҚО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027», ки аз ҷониби Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 июли соли 2025 тасдиқ шудааст, ташкил гардида, ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар шомил мебошанд.
Дар ҷаласа масъалаҳо доир ба стандартҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), раванди даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми миллии МҚД/МТ/МПСҚО ва Нақшаи чорабиниҳо доир ба омодагӣ ба даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи низоми МҚД/МТ/МПСҚО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2027 мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Қайд бояд кард, ки аъзои Гурӯҳи коршиносони миллӣ ба омӯзиш, аз ҷумла омӯзиши талаботи тавсияҳои ФАТФ ва тартиби гузаронидани даври сеюми баҳодиҳии мутақобилаи Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (ГАО) фаро гирифта шуда, дар ҷамъоварии маълумот, мусоҳиба ва вохӯриҳо бо баҳогузорон иштирок менамоянд.
Дар интиҳо аз аъзои Гурӯҳи коршиносони миллӣ даъват ба амал оварда шуд, ки барои бомуваффақият гузаштани кишвар аз даври навбатии баҳодиҳии мутақобила масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар ҳамкорӣ ва ҳамоҳангӣ фаъолият намоянд.
Айни замон дар доираи ГАО даври сеюми баҳодиҳии мутақобила оғоз гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он дар солҳои 2026-2027 мегузарад.
Департаменти мониторинги молиявӣ
Диданд: 2978
15.09.2025