Ахбор

ЭЪЛОН: Даъватномаи иштирок дар музояда


Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд-фурӯшанда) суроға ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2, ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки санаи 10.10.2025 сол 9 адад молу мулки ғайриманқул, ки дар тавозуни Бонки миллии Тоҷикистон барои бозфурӯш гирифта шудааст, ба таври музояда бо усули англисӣ ба фурӯш  гузошта мешавад:

1) Бинои БМТ воқеъ дар шаҳри Турсунзода, к. И Сомонӣ 49, (собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк") – 1 714 108 сомонӣ;

2) Бинои БМТ воқеъ дар шаҳри Турсунзода, к. И.Сомони 51 (собиқ бинои хушкашуи ҶСП БСТ ТИСТ "ТОҶПРОМБОНК") - 2 100 000 сомонӣ;

3) Бинои БМТ воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, к. Ҷ. Расулов 67 (собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк") – 7 300 000 сомонӣ;

4) Бинои БМТ воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, к. Айнӣ 291 (собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк") – 4 087 487 сомонӣ;

5) Амволи ғайриманқул ва амволи дигари БМТ Маҷмааи "Даҳбед" дар шаҳри Ҳисор (собиқ амволи ҶСП БСТ ТИСТ "Тоҷпромбонк") - 32 417 199 сомонӣ;

6) Бинои БМТ воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ, к. И.Сомони собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "ТОҶПРОМБОНК" (собиқ маркази савдои "Зумрад") – 5 243 080 сомонӣ;

7) Бинои БМТ воқеъ дар шаҳри Душанбе, к. С. Шерозӣ 64 Қисми бинои собиқ ошхонаи "Капелла" (собиқ бинои ҶСП БСТ ТИСТ "ТОҶПРОМБОНК") - 3 600 415 сомонӣ;

8) Бинои БМТ ҷоқеъ дар шаҳри Ваҳдат к. Фирдавсӣ 64а (собиқ бинои ФҶСП БСТ ТИСТ “ТОҶПРОМБОНК”) – 4 103 100 сомонӣ;

9) Бинои БМТ воқеъ дар ноҳияи А.Ҷомӣ (собиқ бинои ҶДММ "Корпоратсия ХИМА" - базаи нигоҳдории нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ) 252 000 сомонӣ;        

Музояда соати 15:00 дар суроғаи дар боло зикргардида гузаронида шуда, пардохти кафолатнок баҳри молу мулки ғайриманқул ба 700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баҳри 1 лот баробар аст.

Маълумоти муфассалро оид ба гузаронидани музояда метавонед тавассути телефонҳои (44) 600-32-51 ва (44) 600-32-28, 600-32-36 дастрас намоед.

ЭЗОҲ: Қабули дархостҳо ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар музояда як рӯз пеш аз гузаронидани музояда ба охир мерасад.

Ҳуҷҷатҳое, ки барои иштирок дар музояда пешниҳод карда мешаванд:

1. НУСХАИ ШИНОСНОМАИ МИЛЛӢ

2.РАҚАМИ МУШАХХАСИ АНДОЗСУПОРАНДА

 

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2597

15.09.2025

Возврат к списку