25 августи соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки “истиқлоли давлатӣ ва озодии миллии мо муқаддастарин неъмат ва азизтарин сарвати зиндагӣ барои ҳар як фарди ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва расидан ба рӯзи босаодат, яъне ноил шудан ба истиқлолу озодӣ гардиши тақдирсоз дар таърихи миллати мо буд”. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати содиқонаи мутахассисони касбу кори гуногунро, ки барои рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, махсус таъкид намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоеро, ки бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардиданд, самимона табрик гуфта, бо боварӣ иброз доштанд, ки фарзандони содиқи Ватан минбаъд низ неруву тавоноии зеҳнӣ, донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони кишвар равона месозанд. Тафсилоти бештар: https://www.president.tj/event/news/52378
PS: Қобили қайд аст, ки дар маросими мазкур мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ – Қозидавлатзода Зайнулараб, директори департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон – Убайдуллоев Диловар Шамолиддинович ва сардори идораи ҳуқуқи Бонки миллии Тоҷикистон – Расулов Беҳзод Разоқович бо медалҳои “Хизмати шоиста” сарфароз гардиданд.
Раёсат ва ҳайати кормандони Бонки миллии Тоҷикистон тамоми нафаронеро, ки ба муносибати фарорасии 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд, самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи онҳо барору муваффақият орзу менамоянд.
Диданд: 4558
25.08.2025