Ахбор

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ вобаста ба ташаккули омори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди содироти маҳсулоти рақамӣ


22 августи соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарон ва намояндагони Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон ҷаласаи чоруми гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои марбут ба ташаккули омори соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) ва рушди содироти маҳсулоти рақамӣ баргузор гардид.

NBTL7135.JPG   

Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа, иштирокдорон масъалаҳои вобаста ба воридоту содироти маҳсулоти ТИК, такмили реестрҳои оморӣ, бозбинӣ намудани рамзҳои омории соҳа, муайян намудани муҳлати ҷамъоварии ҳисоботҳо ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳои эҳтимолӣ дар бахши технологияҳои иттилоотиро муҳокима ва баррасӣ намуданд.

NBTL7099.JPG NBTL7101.JPG  

Муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки “баргузории чунин ҷаласаҳо шаҳодати равшани он аст, ки масъалаи рушди соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва рушди содироти маҳсулоти рақамӣ барои иқтисодиёти кишвар ва низоми молиявӣ аҳаммияти бузург дорад. Рушди иқтисоди рақамӣ метавонад имкониятҳои навро барои таҳкими бахшҳои молиявӣ, содироти маҳсулоти рақамӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ фароҳам оварад. Бонки миллии Тоҷикистон ташаббусҳои мазкурро дар самти рушди иқтисоди рақамӣ ва содироти маҳсулоти рақамӣ пурра дастгирӣ намуда, омода аст бо ҳамаи сохторҳои давлатӣ дар ҳамоҳангсозии низоми иттилоотӣ, такмили баҳисобгирии оморӣ ва таҳияи стандартҳои ягонаи ҳисоботдиҳӣ ҳамкорӣ намояд. Фарогирии пурраи ҳамаи ширкатҳои ТИК ва соҳибкорони инфиродӣ ба низоми расмии бақайдгирӣ имкон медиҳад, ки маълумоти боэътимод ва шаффоф барои қабули қарорҳои дуруст дастрас бошад”.

NBTL7146.JPG      

Муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Исмоилзод Ҳ. низ оид ба корҳои анҷомдода дар самти инноватсия ва технологияҳои рақамӣ сухан намуда, қайд кард, ки “идомаи кори муштараки гурӯҳи корӣ бо иштироки сохторҳои давлатӣ имкон медиҳад механизми боэътимоди баҳисобгирии омори соҳаи ТИК ташаккул ёбад. Ин дар навбати худ ба қабули қарорҳои дуруст, нақшабандии рушди минбаъда ва таҳкими иқтисодиёти рақамии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Натиҷаҳои кори муштарак барои рушди устувори иқтисоди миллӣ ва ворид шудани Тоҷикистон ба зинаҳои нави рақамикунонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад”.

Қобили зикр аст, ки гурӯҳи кории байниидоравии мазкур бо мақсади иҷрои супоришҳои Ҳукумати кишвар дар доираи “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон шудани солҳои 2025-2030 ва ҷиҳати ташаккули омори соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин баланд бардоштани шаффофият, таҳлили вазъи воқеии бозори рақамӣ, рушди содироти маҳсулоти рақамӣ, таҳкими асосҳои таҳия ва татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рушди ТИК ташкил гардида, то имрӯз доир ба масъалаҳои такмили тартиби бақайдгирии субъектҳои соҳаи ТИК тибқи принсипи «Равзанаи ягона», пешниҳоди рӯйхати корхонаҳои фаъоли соҳа ва ҷалби мутахассисони маҳаллӣ, муаррифии шакли нави ҳисоботи оморӣ ва барномаи автоматикунонидашудаи пешбурди он, зарурати татбиқи пилотии ҳисоботҳо дар низоми онлайн бо ворид намудани санҷишҳои мантиқӣ ва арифметикӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи байналмилалӣ, аз ҷумла таҷрибаи Қазоқистон ва Белорус барои ҳисоботҳои оморӣ се ҷаласа гузаронидааст.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 4159

22.08.2025

Возврат к списку