7августи соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон вохӯрии муовини раис - Гулбаҳор Назирӣ бо котиби дуюми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хонум Араки Кодзуе ва намояндаи дафтари Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) ҷаноби Нишио Масая доир гардид.
Дар оғози мулоқот қайд карда шуд, ки муносибатҳои дӯстона ва шарикии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон, ки дар асоси эҳтироми мутақобила сурат мегиранд, бо дастгирии фаъоли Сафорати Ҷопон ва дафтари JICA тайи солҳои охир натиҷаҳои самарабахш дода, ба татбиқи лоиҳаҳои муҳимми иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мусоидат намудаанд. Ин лоиҳаҳо бахшҳои маориф, тандурустӣ, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика ва омодасозии кадрҳоро дарбар гирифта, дар таҳкими иқтидори муассисаҳои соҳавӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ нақши муассир гузоштаанд.
Дар идома ҷонибҳо ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо Ҷопон дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла бо JICA табодули назар намуда, омодагии худро барои тақвияти ҳамкориҳои мутақобилаи судманд ва татбиқи барномаҳои муштарак баён доштанд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн баргузор шуда, ҳар ду ҷониб ҳавасмандии хешро дар самти таҳияи ташаббусҳои нав ва густариши минбаъдаи он таъкид намуданд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3160
08.08.2025