Раванди босуръати рушди технологияҳои муосир боиси ба вуҷуд омадани технологияҳои навин шуда, мафҳумҳое аз қабили криптоасъор, асъори рақамӣ ва дороиҳои маҷозӣ дар зиндагии ҳаррӯза, торномаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, пешниҳодҳои сармоягузорӣ, бозиҳои онлайнӣ ва ҳатто дар баъзе низомҳои пардохтӣ ҳарчи бештар садо медиҳанд ва ҳар кадоми ин мафҳум дорои хусусият, маъно ва мақоми алоҳидаи ҳуқуқӣ мебошанд.
Криптоасъор як шакли дороии рақамӣ буда, ба технологияи блокчейн асос ёфтааст. Криптоасъор дар шабакаи ғайримарказонидашуда бе иштироки мақомоти давлатӣ ё бонки марказӣ (миллӣ) сохта ва идора карда мешавад. Дар шароити имрӯза криптоасъор чунин махсусиятҳои худро дорад:
- надоштани шакли моддӣ (танҳо дар шакли электронӣ ҳаст);
- таъмин набудан бо ягон маблағ ё дороии воқеӣ;
- набудани танзим аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё бонки марказӣ (миллӣ).
Криптоасъор инчунин дорои чунин хавфҳои идоранашаванда, аз қабили тағйирёбии якбораи арзиш (ноустувории қурб), ҷой надоштани кафолати ҳуқуқӣ, истифодашавӣ дар иқтисоди пинҳонӣ ва схемаҳои қаллобӣ, ба миён овардани хавфҳои пруденсиалӣ ва системавӣ, маблағузории терроризм ва ғайра мебошад.
Асъори рақамӣ (шаклии рақамии пул) пулест, ки танҳо дар шакли рақамӣ вуҷуд дорад ва аз ҷониби бонки марказӣ (миллӣ) ба таври расмӣ ба муомилот бароварда мешавад. Асъории рақамии бонкҳои марказӣ (миллӣ) (CBCD) ҳамон вазифаҳоеро, ки пулҳои нақдӣ ва ғайринақдӣ иҷро мекунанд, ба зимма дошта, танҳо дар шакли рақамӣ ифода меёбад.
Бояд тазаккур дод, ки баъзе давлатҳо аллакай асъори рақамии бонкҳои марказии (миллии) худро ба муомилот баровардаанд (ба монанди Ҷазираҳои Багам (Sand Dollar), Ямайка (JAM-DEX) ва Нигерия (eNaira)) ва асъори рақамии баъзеи дигар дар ҳолати коркард ва озмоишӣ қарор дорад (ба монанди Чин, Ҳиндустон, Шветсия, Бразилия ва диг.).
Вобаста ба дороиҳои маҷозӣ ҳаминро қайд намудан муҳим аст, ки онҳо воҳиди андозагирии рақамӣ буда, дар низомҳои иқтисодии (экосистема) маҳдуд истифода бурда мешаванд. Дороиҳои маҷозӣ аз ҷониби ширкатҳои хусусӣ ба муомилот бароварда мешаванд. Дороиҳои маҷозӣ воситаҳои ҳисоббаробаркунии расмӣ набуда, берун аз платформаи худ истифода намегарданд ва бо пули ҳақиқӣ иваз карда намешаванд. Чунин шаклҳои дороиҳои маҷозӣ мавҷуданд:
- дар бозиҳои онлайнӣ (тангаҳои бозӣ, холҳо, нишонаҳо ва ғ.);
- дар платформаҳо (холҳои дохилӣ, бонусҳо, кэшбекҳо);
- дар барномаҳои мобилӣ (тангаҳои туҳфавӣ, стикерҳо ва ғ.);
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати имрӯза воситаи ягона ва истисноии пардохти ҳар гуна уҳдадориҳои пулӣ ва ҳисоббаробаркуниҳо дар кишвар пули миллӣ - сомонӣ мебошад.
Аммо новобаста ба ин, бо дарки аҳаммияти технологияҳои рақамӣ ва ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ мавзуи танзими муомилот бо криптоасъор, асъори рақамӣ ва дороиҳои маҷозӣ дар ҳолати таҳлил ва омӯзиш қарор дорад.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 4058
04.08.2025