16 июли соли ҷорӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти низоми суғуртаи кишвар дар нимсолаи якуми соли 2025 баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ гузаронида шуда, қайд гардид, ки “новобаста аз вазъи ноороми ҷаҳон ва кишварҳои минтақа нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии ҷумҳурӣ, аз ҷумла нишондиҳандаҳои низоми суғурта дар нимсолаи якуми соли 2025 раванди афзоишёбиро идома доданд.
Таъкид гардид, ки авҷ гирифтани танишҳои иқтисодиву сиёсӣ ва тағйирёбии иқлим, ки оқибатҳои моливу ҷонии ҳаёти ҷомеаро зиёд намуда истодаанд, моро ҳамчун намояндагони низоми суғуртаи кишвар вазифадор менамояд, ки дар доираи ваколатҳои худ барои ҳифзу ҳимоя ва пешгирӣ кардани таъсири манфии ин омилҳо ба иқтисодиёти миллӣ, тадбирҳои зарурӣ андешем.
Бо ин мақсад, баҳри расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати кишвар дар нисолаи якуми соли 2025ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаи қонунии танзиму назорати фаъолияти суғуртавӣ ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои байналмилалӣ дар асоси Қонуни ҶТ “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунанда таҳия шуда, баъзеи онҳо мавриди амал қарор дода шуданд, аз ҷумла “Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ”, “Номгӯйи маълумоти тавсиявӣ барои нишон додан дар полиси суғуртавӣ”, “Тартиби таҳия ва муҳлати пешниҳоди ҳисоботҳои молиявӣ” ва “Феҳристи ҳисобҳои тавозунӣ барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ва Тавсифи ҳисобҳои тавозунии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)”.
Илова бар ин, бо мақсади рақамикунонии соҳаи суғуртаи кишвар аз ҷониби БМТ лоиҳаи “Низоми ягонаи суғуртаи электронӣ” таҳия гардида истодааст, ки минбаъд дар он ҳама намудҳои суғурта давра ба давра пайваст гардида, бақайдгирии шартномаҳо ва полисҳои суғуртавӣ пурра тавассути рамзҳои рақамӣ ҳимоя карда мешаванд.
Санадҳои меъёрию ҳуқуқии зикргардида инфрасохтори асосии низоми суғуртаи кишварро ташаккул дода, минбаъд барои аз байн бурдани номуайяниҳои амалиётҳои суғуртавӣ ва эътимоднокии баҳисобгирии молиявию хоҷагидории ташкилотҳои суғуртавии дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолияткунанда мусоидат менамояд ва соҳаи суғуртаро ба марҳилаи нави рушд мебарорад”.
Дар идомаи ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи назорати суғуртавӣ Бобурхон Бобоев оид ба ҷамъбасти фаъолияти низоми суғурта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 бо рӯнамои муфассал суханронӣ намуда, оид ба фарогирии суғурта дар кишвар, нишондиҳандаҳои асосӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои мақбул, мушкилоти мавҷуда дар низоми суғурта ва дурнамои рушди он маълумот дод.
Роҳбарони ташкилотҳои суғуртавӣ баъди маъруза вобаста ба фаъолияти худ, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва ҳадафҳои гузошташуда ҳисобот доданд.
Дар ҷаласа ташкилотҳои суғуртавӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои суғуртавӣ ва рақамикунонии пешниҳоди онҳо, баррасии саривақтии муроҷиатҳои суғурташавандагон, беҳтар намудани муоширати касбӣ бо муштариён, вусъат додани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва пурра ба таври ғайринақдӣ анҷом додани ҳама гуна амалиётҳои суғуртавӣ корбарӣ намоянд.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ дар интиҳои ҷаласа таъкид кард, ки “бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳо ва вазифаҳои гузошташуда ҳамаи моро зарур аст, ки дар ҳамбастагӣ ва корбарии наздик рушди низоми суғуртаи мамлакатро таъмин намуда, соҳаи суғуртаро бо истифодаи технологияи муосир, суръатбахшии раванди рақамикунонӣ ва рақобатнокии маҳсулоти суғуртавӣ ба яке аз бахшҳои муҳим ва тараққикардаи низоми молиявии кишвар табдил диҳем”.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3707
17.07.2025