14 июли соли 2025 раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати таҳлилгарони Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor's” хонум Ҷулия Филока ва ҷаноби Роман Рибалкин, ки барои таҳлили рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қарор доранд, мулоқот намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи низоми бонкӣ, сиёсати пулию қарзӣ, динамикаи нишондиҳандаҳои оморӣ, нигоҳ доштани сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда, таъмини суботи молиявии кишвар, нишондиҳандаҳои монетарию фискалӣ, татбиқи реҷаи ҳадафгирии таваррум ва идоракунии захираҳои байналмилалӣ табодули назар намуданд.
Қайд карда шуд, ки новобаста ба фазои мураккаби сиёсиву иқтисодии ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди босуботи иқтисодиву молиявӣ таъмин гардида истодааст. Дар робита ба ин, зимни таҳияи рейтинги навбатӣ бояд хусусиятҳои минтақа ва кишвар, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва даромаднокии низоми бонкӣ, таҳким ва рушди идоракунии захираҳои байналмилалӣ ва ислоҳоти роҳандозишуда ба инобат гирифта шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки раванди интишори рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамасола бо Агентии байналмилалии рейтингии “Standard & Poor’s” ба роҳ монда шудааст.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2726
14.07.2025