Ахбор

Баррасии дурнамои ҳамкориҳо бо IFAD


24 июни соли 2025 муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо ҳайати Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози минтақавии фонд ҷаноби Павел Шуст мулоқоти фосилавӣ анҷом дод.

NBTL4244[1].jpg

Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар доираи Барномаи REMIT PRIME, арзёбии ҳолати кунунии татбиқи барномаи мазкур, ҳамзамон имкониятҳои саҳмгузории Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар татбиқи Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

NBTL4254[1].jpg

Ҷонибҳо инчунин доир ба раванди таҳия ва татбиқи Барномаи давлатии баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ва таъсиси академияи бонкӣ дар назди Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии Бонки миллии Тоҷикистон табодули назар намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо иброз доштанд, ки омодаанд ҳамкории тарафайнро бо назардошти афзалиятҳои миллӣ ва дурнамои рушди фарогирии молиявӣ тақвият бахшанд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2808

25.06.2025

Возврат к списку