Ахбор

Ҷаласаи навбатии Шурои комплаенс


Санаи 19 июни соли 2025 ҷаласаи навбатии Шурои комплаенс баргузор гардид, ки дар он намояндагони мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (МҚД/МТ/МПСҚО), аз ҷумла Вазорати адлия, инчунин шахсони масъули ташкилотҳои қарзии молиявӣ иштирок намуданд.

NBTL4155.jpg

Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии директори департаменти мониторинги молиявӣ – роҳбари Шурои комплаенс Мирзоалиев Ҳ.С. оғоз ёфта, дар ҷараёни он масъалаҳои мубрами марбут ба пешгирии хавфҳои ҷойдошта, хусусан пешгирии амалиётҳои ғайриқонунӣ дар низоми бонкӣ ва тақвияти ҳамкорӣ миёни бахшҳои молиявӣ ва сохторҳои назоратӣ муҳокима гардиданд.

Дар чорабинӣ истифодабарии ғайриқонунии суратҳисобҳо ва кортҳои бонкӣ аз ҷониби шахсони сеюм (дропперҳо) мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурзӯр намудани мониторинги амалиётҳои шубҳанок ва татбиқи технологияҳои муосир дар низомҳои назоратии ташкилотҳои қарзии молиявӣ таъкид гардид.

Дар идома аз ҷониби кормандони департаменти мониторинги молиявӣ рӯнамоҳо оид ба тағйироти ҷорӣ дар “Тартиби гузаронидани чорабиниҳо оид ба ғайрифаъолгардонӣ ва фаъол гардонидани воситаҳои молиявӣ ё молу мулки дигари шахсони воқеӣ ва ташкилотҳо, ки ба рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дохил карда шудаанд”, инчунин “Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд” ба иштирокдорон пешниҳод гардид.

Ҳамчунин таҷрибаи амалии бонкҳо, аз ҷумла КВД БА ҶТ “Амонатбонк”, ҶСП “Спитаменбонк”, ҶСП “Душанбе Сити Бонк”, ҶСК “Алиф Бонк” ва ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” вобаста ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии кортҳо ва суратҳисобҳо аз ҷониби шахсони сеюм пешниҳод гардид.

Дар интиҳо иштирокдорон вобаста ба масъалаҳои ҷойдошта, инчунин беҳтарсозии ҳамоҳангии сохторҳо ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда пешниҳодҳо манзур намуданд.

Қобили зикр аст, ки Шурои комплаенс як мақоми машваратӣ буда, ҳамчун гурӯҳи корӣ дар назди Комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ оид ба МҚД/МТ/МПСҚО амал мекунад ва ба он ҳисобот медиҳад.

Департаменти мониторинги молиявӣ

 

Telegram  Facebook

Диданд: 2713

23.06.2025

Возврат к списку