Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали №251 “Дар бораи соҳаи истифода, тартиби муомилоти асъори хориҷӣ, тартиб ва қоидаҳои додан ва бозхонд намудани иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти асъорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ аз рӯйи намуди хизматрасонии (фаъолияти) махсус иҷозатнома дода шуд.
Иҷозатномаи ҶДММ “Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр” №01/22, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 08 июни соли 2022, №63 ҷиҳати анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дода шудааст, аз эътибор соқит дониста шуд.
Диданд: 1754
20.06.2025