Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дархости Фонди қарзии хурди “Сарпараст”оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ карда шуд.
Иҷозатномаи Фонди қарзии хурди “Сарпараст” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2014, №151 дода шудааст бозхонд гардид.
Шуъбаи матбуоти
БМТ
Диданд: 620
19.05.2025