Ахбор

Мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо намояндагони “Numisma Bank”


15 майи соли 2025 дар Бонки миллии Тоҷикистон мулоқоти кории раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ҳайати муассисаи молиявии ИМА — “Numisma Bank” таҳти роҳбарии директори иҷроияи он ҷаноби Вивек Тяги баргузор гардид.

NBTL3105 (1).jpg

Зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар бахши интиқоли самаранок ва бехатари асъори нақд, алалхусус доллари ИМА ва евро мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ҷониби “Numisma Bank” доир ба фаъолият ва хизматрасонӣ, аз ҷумла имкониятҳои логистикии ин муассисаи молиявӣ дар шакли рӯнамо маълумот пешниҳод гардид.

Қайд карда шуд, ки ҳамкорӣ бо чунин муассисаҳои махсуси молиявӣ метавонад ба самаранокии бештари муомилоти асъорӣ мусоидат намояд.

Мулоқот дар фазои созанда ва ҳамдигарфаҳмӣ доир гардида, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки музокироти муфассал дар сатҳи коршиносон идома ёфта, имкониятҳои роҳандозии ҳамкории судманд баррасӣ карда шаванд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 2915

16.05.2025

Возврат к списку