12 май бо иштироки роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони ташкилотҳои қарзии молиявии кишвар, Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, Ассотсиатсияи ташкилотҳои маблағгузории хурди Тоҷикистон, намояндагони давлатҳои аъзои AFI, шарикони рушд ва воситаҳои ахбори омма маросими ҷамъбасти натиҷаи озмун барои дарёфти ҷоизаи «Ташкилоти қарзии молиявии беҳтарин оид ба хизматрасонии бонувони соҳибкор» баргузор гардид.
Озмун соли сеюм аст дар доираи “Нақшаи амал барои солҳои 2023-2025 Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027” гузаронида шуда, дар асоси фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар соли 2024 аз рӯйи чор номина ҷамъбаст гардид:
- Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор;
- Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор;
- Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор;
- Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор;
Ҳадаф аз баргузории озмун васеъ намудани дастрасии бонувони соҳибкор ба захираҳои молиявии арзон ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ буда, дар фароҳам овардани шароити мусоид ба рушди соҳибкории бонувон, ҳавасмандгардонии онҳо, тавсеаи имкониятҳо дар бозори меҳнат ва ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар соҳаи шуғл мусоидат менамояд.
Барои иштирок дар озмун 44 ташкилоти қарзии молиявӣ дархост пешниҳод намуданд, ки аз онҳо 23 ташкилот соҳиби ҷоиза ва ифтихорнома гардиданд.
Аз рӯйи номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи қарзҳои додашуда/маблағгузории исломӣ ба бонувони соҳибкор” ҷойи якумро КВД БССТ “Саноатсодиротбонк”, ҷойи дуюмро КВД БА ҶТ “Амонатбонк” ва ҷойи сеюмро ҶСП “Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон” гирифтанд.
Дар номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ дар самти ҷалби пасандозҳои бонувони соҳибкор” ҷойи якум ба ҶСП ТАҚХ “Ҳумо”, ҷойи дуюм ба ҶСП ТАҚХ “Сандуқ” ва ҷойи сеюм ба ҶДММ ТАҚХ “ФИНКА” дода шуд.
Аз рӯйи номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи насб ва истифодаи воситаҳои электронии пардохт (POS-терминал ва QR-рамз) ба бонувони соҳибкор” ҷойи якумро ҶСП “Алиф Бонк”, ҷойи дуюмро ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ва ҷойи сеюмро ҶСК “Бонки Эсхата” сазовор гардиданд.
Ва аз рӯйи номинаи “Беҳтарин ташкилоти қарзии молиявӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба дастгирии бонувони соҳибкор” ҷойи якум ҶСП Бонки “Арванд”, ҷойи дуюм ҶСП ТАҚХ “Имон Интернешнл” ва ҷойи сеюм ФҚХ “Имконият”муайян карда шуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби кумитаи тадорукот барои иштироки фаъолона дар озмун ҶСК “Ориёнбонк”, ҶСП “Душанбе Сити Бонк”, ҶСК “Коммерсбонки Тоҷикистон”, ҶСП “Актив Бонк” ва ФҚХ “Имон” бо ифтихорномаҳо ва Филиали бонки “Тиҷорат”-и ҶИЭ дар шаҳри Душанбе, ҶДММ “ОКСУС”, ҶСП “Спитамен Бонк”, ҶСК "Тавҳидбонк", ҶДММ ТАҚХ “Азизӣ-Молия” ва ҶДММ ТАҚХ “ЛОЛС Молия” бо сипосномаҳои БМТ қадрдонӣ карда шуданд.
Дар озмун инчунин ба шаш нафар бонуи соҳибкори муваффақ ҷиҳати ҳавасмандмандӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Пажуҳишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ
Шуъбаи матбуот
Диданд: 3338
13.05.2025