Ахбор

Ҳамкорӣ бо Алянс барои фарогирии молиявӣ


12 майи соли 2025 дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон “Маҷмааи Хуталон” ҷаласаҳои ду гурӯҳи кории Алянс барои фарогирии молиявӣ (AFI) - хизматрасонии молиявии рақамӣ (DFSWG) ва стратегияи фарогирии молиявӣ (FISPLG) бо иштироки намояндагони бонкҳои марказии кишварҳои аъзои AFI ва мақомоти идоракунии соҳаи молия оғоз гардиданд.

NBTL1664-1.jpg

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода дар маросими ифтитоҳӣ ҳамоишро платформаи муҳим барои мубодилаи таҷриба ва ҳамкории байналмилалӣ унвон карда, изҳор дошт, ки “барои мо шарафи бузург аст, ки мизбони ин чорабинии муҳимми сатҳи байналмилалӣ ҳастем,

NBTL1631-2.jpg

зеро мавзуъҳои мавриди баррасӣ, яъне густариши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва таҳкими стратегияи фарогирии молиявӣ ҷузъи муҳимми рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд”.

NBTL1646-3.jpg

Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони шомил шудан ба AFI (соли 2011) дар самти фарогирии молиявӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ислоҳоти густурда, муосирсозии бахши молия, густариши рақамикунонӣ ва дастгирии фарогирӣ, хусусан барои занон, ҷавонон ва гурӯҳҳои осебпазир, самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ маҳсуб меёбанд.

NBTL1699-4.jpg

Фарогирии молиявӣ имрӯз василаи муҳимми зиёд намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати молиявӣ, рушди устувор, беҳбуди муҳити тиҷоратӣ, таҳкими ҳимояи иҷтимоӣ ва рушди захираҳои инсонӣ ба ҳисоб рафта, мубодилаи донишу таҷриба оид ба бунёди низомҳои фарогир ва устувори молиявӣ барои рушди ҳамкориҳои минтақавӣ, навовариҳои техникӣ ва татбиқи амалии онҳо аҳаммияти калон дорад.

NBTL1650-5.jpg

Дар идомаи маросими ифтитоҳӣ директори барномаҳои сиёсат ва ташаббусҳои минтақавии AFI Элики Болетава дар хусуси дастовардҳои кишварҳои аъзо дар самти дастрасӣ ба фарогирии молиявӣ сухан намуда, изҳор дошт, ки ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ имкон медиҳанд, ки иштирокдорон бо таҷрибаи ҳамдигар аз наздик шинос гардида, барои бунёди низомҳои фарогир ва устувори молиявӣ дар кишварҳои худ аз амалияи пешрафта ва навовариҳои муосир истифода баранд.

NBTL1717-6.jpg

Ҷаласаҳои гурӯҳҳои кории AFI аз 12 то 15 май идома ёфта, дар баробари заминагузорӣ ба таҳкими ҳамкорӣ, рушди сиёсати фарогирии молиявӣ ва густариши хизматрасониҳои рақамӣ миёни кишварҳои аъзо, инчунин Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъоли шабакаи байналмилалии фарогирии молиявӣ муаррифӣ мекунанд.

NBTL1756-7.jpg

Қобили қайд аст, ки AFI иттиҳоди пешрафтаи ҷаҳонӣ дар соҳаи таҳияву татбиқи сиёсати фарогирии молиявӣ буда, фаъолияти он ба пешбурди сиёсати фарогирии молиявӣ дар кишварҳои аъзо равона гардидааст. Бонки миллии Тоҷикистон узви ҳашт гурӯҳи кории AFI мебошад. Гурӯҳҳои кории AFI дар самти омори фарогирии молиявӣ, стандартҳои байналмилалии назорат, омӯхтани таҷрибаи байналмилалӣ дар таҳия ва татбиқи стратегияҳои миллии фарогирии молиявӣ, хизматрасонии молиявии рақамӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ, дастрасӣ ба маблағгузории соҳибкории хурду миёна ва маблағгузории сабз фаъолият мебаранд.

Шуъбаи матбуот

Telegram  Facebook

Диданд: 3470

12.05.2025

Возврат к списку