Бо мақсади муаррифии муқаррароти “Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ” 21 апрели соли равон дар Бонки миллии Тоҷикистон барои сармуҳосибон ва шахсони масъули ташкилотҳои суғуртавӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.
Тавре дар машғулияти омӯзишӣ қайд гардид, ҳадаф аз таҳияи тартиби зикршуда ба роҳ мондани ташаккули фондҳои захираҳои суғуртавӣ ҳамчун манбаи асосии амалӣ гардидани пардохту ҷубронҳои суғуртавӣ ба суғурташавандагон мебошад.

Ҳамзамон, тартиби мазкур ба танзими раванди андозбандии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) мусоидат карда, ба тарҳҳои андозӣ дохил намудани захираҳои суғуртавии ташаккулдодашударо муқаррар менамояд.
Инчунин таъкид карда шуд, ки “Тартиб ва меъёрҳои тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғуртавӣ” бо мақсади самаранок ба роҳ мондани ташаккулдиҳии фондҳои захираҳои суғуртавӣ дар кишвар ва зина ба зина мутобиқ гардонидани он ба принсипҳои асосии суғурта ва стандартҳои байналмилалӣ равона гардидааст.
Мавриди амал қарор гирифтани санади меъёрии ҳуқуқии мазкур ба устувор гардидани пойгоҳи пулии ташкилотҳои суғуртавӣ мусоидат карда, кафолати пардохтпазирии онҳоро дар назди суғурташавандагон, шахсони суғурташуда, фоидагирандагон ва давлат таъмин менамояд.
Шуъбаи матбуот
Диданд: 2232
22.04.2025